«Бомба»-и мусиқии Садриддин, Валиҷон ва Умед (Видео)

Видео, НТМ, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Ширкати «RaminMansour Production” шоми 10 июл таронаи «Бовар кун”-и овозхонҳои тоҷик иҷрои Садриддини Наҷмиддин, Валиҷони Азиз ва Умеди Шарифзодро дар саҳифааш дар Ютуб нашр кард. Ин тарона алакай дар камтар аз як шабонарӯз 40 ҳазор тамошобин ҷамъ кардааст.

Таронаи деринтизори «Бовар кун” дар иҷрои Садриддини Наҷмиддин, Валиҷони Азиз ва Умеди Шарифзод билохира рӯзи 10 июл нашр шуд. Дар камтар аз як рӯзи аввал ин таронаро дар Интернет алакай 40 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Ин нахустин таронаи муштаракест, ки овозхони ҷавон Умеди Шарифзод ҳамроҳ бо ҳунармандони шинохташуда Садриддини Наҷмиддин ва Валиҷони Азиз иҷро мекунад.

Умеди Шарифзод, ки аз шогирдони В гуфтааст, иҷрои як тарона бо ин ду устоди ҳунар орзуи деринааш буд: «Ман, ки 6 сол ҳамчун шогирд дар канори Валиҷон будам, ҳамеша ин орзуро доштам, ки бо Валиҷон ва Садриддин як таронаи муштарак бихонем. Рӯи таронаи «Бовар кун” хеле кор кардем. Аз таваллуди оҳанг то таҳия ва нашраш қариб як сол гузашт. Вале мо талош кардем, ки тибқи мақоли «дер ояду шер ояд” як таронаи хубу шуниданӣ бисозем. Умедворем, ки «Бовар кун” ба дилу дидаи мухлисон роҳ хоҳад ёфт.”

Оҳанги таронаи «Бовар кун” аз Даврони Раҳматзод ва матнаш аз Сафар мебошад.

Ҳама чӣ мегузарад, бовар кун,

Ҳама андар назарат, бовар кун.

Каҷиҳое зи хатти пешонӣ

Пеши роҳи гузарат, бовар кун, бовар кун, бовар кун!

Абри ғам мераваду метобад

Шамс болои сарат, бовар кун.

Дил ба умеди висолат танҳо,

Нест аз дил хабарат, бовар кун…

Садриддини Наҷмиддин ва Валиҷони Азиз чеҳраҳои барои мухлисони эстрадаи тоҷик ошноянд. Вале Умеди Шарифзод, ки тоза ба нашри албоми дувуми таронаҳояш омодагӣ мебинад, соли 1985 дар деҳаи Рарзи ноҳияи Айнӣ ба дунё омада, дар ҳаминҷо мактаби рақами серо хатм кардааст. Умеди Шарифзод дар соли 2003 ба мактаби санъати Академияи ба номи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Хуҷанд дохил шуда, баъди хатми он ба ҷумлаи шогирдони Валиҷони Азиз пайваст.

Албоми нахустини ӯ бо номи «Саршори ишқ” дар соли 2013 нашр шуда буд.

Умеди Шарифзод мегӯяд: «Қаблан бо Валиҷони Азиз як таронаи муштарак иҷро карда будем дар соли 2009, ки «Канда-канда” ном дошт ва хеле шӯҳрат пайдо карда буд. Вале ин бори аввал буд, ки ҳамроҳи ҳам устод Валиҷон ва ҳам устод Садриддин тарона хондам. Ҳамкорӣ бо ин ду ҳунарманд дар воқеъ як мактаби бузург аст ва ман хеле чизҳоро муддати ин чанд моҳе, ки барои сохтани таронаи «Бовар кун” сарф кардем, аз ин устодон омӯхтам.”

Шакли садоӣ (МП3)-и таронаро метавонед аз ин сомонаи Ohang.Tj дарёфт кунед:


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply