Боз як тоҷики ДОИШ ба даст афтод

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Маркази «Э”-и пулиси шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 19 октябр шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон бо номи Назаровро бо иттиҳоми ҷалби афрод ба сафи созмони террористии ДОИШ дастгир кардааст. Ҳамчунин дар Петербург як зодаи дигари Осиёи Марказӣ, ки барои рафтан ба «ҷиҳод” омодагӣ медид, боздошт шудааст.

Матбуоти Русия аз қавли мақомоти пулиси шаҳри Санкт-Петербург хабар дод, ки маъмурони Маркази «Э” (мубориза бо ифротгароӣ)-и пулиси ин шаҳр рӯзи 19 октябр як шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон бо номи Назаровро ҳамчун мубаллиғи созмони тундрави ДОИШ («Давлати исломӣ”) дастгир кардаанд.

Манбаи хабаргузории ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Петербург наздики «Оперативное прикрытие” гуфтааст, ки Назаровро рӯзи 19 октябр дар шаҳри Кингисеппи вилояти Ленинград, дар як манзил дар кӯчаи Строители дастгир кардаанд. Ҳангоми кофтукоб аз манзили вай адабиёти ифротӣ, пистолети тамғаи ИЖ 79-8 бо тирҳояш, 6 бастаи маводи мухаддири навъи ҳашиш, тарозу, ноутбук, телефонҳои мобил бо сим-кортҳо ва кортҳои бонкӣ ёфт ва мусодира шудааст.

Манобеи амниятӣ гуфтаанд, ки Назаров барои таблиғи ДОИШ аз Интернет ва барномаҳои «WhatsApp», «Telegram» ва «Zello» истифода мебурд. Назаров ба он айбдор мешавад, ки муҳоҷирон аз кишварҳои Шӯравии собиқро ба фаъолияти террористӣ, аз ҷумла барои анҷоми таркишҳо дар Русия ва сафар ба «ҷиҳод” дар Афғонистону Сурия ва Ироқ ташвиқ мекард.

Ба зидди ин шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи тафтишоти Русия бар асоси қисми аввали моддаи 205.1-уми Кодекси ҷиноятии ин кишвар (мусоидат ба фаъолияти террористӣ) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ тибқи ин банди қонуни Русия аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Мақомоти интизомии Петербург хабар додаанд, ки дар пайи Назаров дар хиёбони Шлиссербурги шаҳри Петербург боз як зодаи Осиёи Марказиро дастгир кардаанд. Ин нафар ба он айбдор мешавад, ки ба таблиғоти фиристодаҳои ДОИШ дода шуда, розӣ шудааст, ки барои гузаштани тамрини ҷангӣ дар урдугоҳҳои террористӣ ба сарзаминҳои таҳти назорати ДОИШ биравад.

Бино ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, дастикам 1144 шаҳрванди тоҷик дар солҳои охир ба доми мубаллиғони созмонҳои ифротиву террористӣ афтода, ба Сурияву Ироқ ва дигар нуқтаҳои ҷангзада рафтаанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, 80 дарсади ин мардум ҳангоми муҳоҷираташон дар Русия фирефтаи таблиғоти гурӯҳҳои тундрав шудаанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply