• Бахтовар Сафаров
  • 12.02.2019
  • 0

Боздошти марди шуғнонӣ бо сангҳои қимматбаҳо

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт марди 48-солаи сокини ноҳияи Шуғнон бо гумони муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳои табиӣ дастгир карда шуд.

Дар вақти кофтукови шахсӣ аз номбурда 41-адад сангҳои рангашон гуногун мувофиқи маълумотномаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-адад сангҳои «Ёқут» вазнаш 10,23 грамм, 1 адад санги «Лаъл» вазнаш 1,07 грамм, 25 адад сангҳои «Клиногумит» вазнашон 18,79 грамм, 4 адад сангҳои «Корунд» вазнашон 6,76 грамм ва 1 адад санги «Гранат» вазнаш 4,36 грамм, ки вазни умумиашон 41,32 граммро ташкил медиҳанд, дарёфт ва гирифта шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

ВКД

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner