Боздошти муовини раис бо 6 200 сомонӣ

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Маҳмадсолӣ Баротов, вакили халқ ва муовини раиси ноҳияи Шаҳритусро дар қаллобӣ айбдор медонад.
Тибқи иттилои Агентӣ, М. Баротов аз соли 2015 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва аз майи соли 2012 то инҷониб дар вазифаи муовини раиси ноҳияи Шаҳритус фаъолият карда, бо истифодаи мақоми хизматӣ қаллобӣ кардааст. Моҳи марти соли 2011 шаҳрвандон Сангаков Фозилбек Додарбекович ва Сангаков Ғолибшо Додарҷонович барои ҳуҷҷатгузории замини наздиҳавлигиашон ба Баротов муроҷиат кардаанд.
“Баротов тайи солҳои 2011-2018 бо Сангаковҳо дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритус вохӯрда, аз онҳо бо ваъдаи ҳуҷҷатгузорӣ ва додани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, ки ба доираи ваколатҳои мансабиаш дохил намешавад, дар панҷ холат 6200 сомониро гирифта, ба манфиати худ сарф кардааст”, — омадааст дар иттилоия.
Алайҳи Маҳмадсолӣ Баротов барои қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply