БОЗУИ ШИРКАТ.  «Помир-1» — меваи шаҳдбори Истиқлол

ВМКБ, Помир ENERGY, ТОҶИКИСТОН

Шоҳфозил Шоҳнизоров, сардори НБО-и "Помир-1"

Неругоҳи барқи обии «Помир-1» калонтарин манбаи барқистеҳсолкунии вилоят аст ва рушду нумӯи он ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти ширкат қарор дорад.

Сохтмони неругоҳ соли 1984, баъди аз ҷониби филиали Институти «Гидропроект»-и дар Осиёи Миёнабудаи «Средазгидропроект» тайёр шудан ва аз тарафи Вазорати энергетикаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тасдиқ гардидани лоиҳаи он оғоз ёфт. Иншоотҳои асосии он, аз ҷумла бинои истеҳсолӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ, қисми нақби обгузар дар даруни кӯҳ дар масофаи беш аз 3 километр, ҳавзи танзими шабонарӯзӣ ва дигар иншоотҳои хурду бузурги лозимӣ то баҳори соли 1994 ба кор омода карда шуданд. Тантанаи баистифодадиҳии навбати аввали неругоҳ, яъне дастгоҳҳои 1 ва 2-юми он ба рӯзҳои ҷашнгирии Иди Наврӯзи соли 1994 рост омад.

Лаҳзаҳои фаромӯшнопазири аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пахш шудани тугмачаи рамзии мавриди истифода қарор додани неругоҳи калонтарини барқи обии Бадахшон ва бо ҳамин дар саҳифаи рушди соҳаи афзалиятноки мамлакат пайдо шудани боз як манбаи барқистеҳсолкунӣ дар ёди ҳамаи ҷамъомадагон абадан нақш бастанд.

Дар соли 2005 навбати дуюми неругоҳ низ мавриди истифода қарор дода шуд. То ҳол суханони пурҷозибаи Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона дар гӯши дили маскунони вилоят ҷойгузинанд, ки қайд карда буданд:

«… Имрӯз дар таърихи навини Тоҷикистон боз як рӯйдоди фараҳбахши муҳим ба вуқӯъ омад, ки мову шумо шоҳиди бевоситаи он ҳастем. Ин лаҳзаҳо, ки навбати дуюми Неругоҳи барқи обии «Помир-1» пурра ба истифода дода шуд, на танҳо барои сокинони вилояти Бадахшон, балки кулли мардуми кишварамон хурсандиовар аст. Зеро бунёд кардану мавриди истифода қарор додани неругоҳи мазкур ва бо қувваи барқ таъмин шудани як қатор ноҳияҳои вилоят дар роҳи истиқлолияти энергетикии мамлакатамон дастоварди назаррас мебошад. Ба ин муносибат ҳамаи шуморо табрику муборакбод менамоям … ».

Дар ҳақиқат, неругоҳи мазкур аз рӯзҳои нахустини фаъолияташ дар беҳдошти ҳаёти сокинони Бадахшон нақши бузурге мебозад. Бо пурра ба кор даромадани неругоњ таъминоти барқ чӣ дар шаҳри Хоруғ ва чӣ дар деҳоту навоҳии гирду атрофи он ба таври назаррас беҳтар гардид.

Мутаассифона, дар таърихи 5-уми феврали соли 2007 дар НБО-и «Помир-1» садама ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷаи он тамоми таҷҳизоти неругоҳ зери об монда, истифодабарии минбаъдаи неругоҳ номумкин гардид. Касе боварӣ надошт, ки неругоҳ боз дар  муддати кӯтоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд.

Вале барқароркунии неругоҳ аз соатҳои нахустин зери назорати қатъӣ ва бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор гирифта, баҳри ҳар чӣ зудтар ба кор даровардани неругоҳ чораҳои мушаххас рӯи кор оварда шуданд.

 Албатта, дар барқароркунии неругоҳ, ки дар он рӯзҳои сард барои мардуми  Кӯҳистони Бадахшон хеле муҳим буд, саҳми Вазорати  энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон калон буд. Инчунин, дар барқароркунии неругоҳ дар қатори роҳбарияти мамлакату вилоят ва ташкилотҳои башардӯстонаи дар вилоятбуда тамоми мардуми шарафманду меҳнатқарини Бадахшон саҳми босазо гузоштанд. Чунки аз рӯзи аввали ин воқеаи нохуш тамоми сокинони маҳаллаҳои маркази вилоят ва деҳаҳои гирду атроф ва ҳатто ноҳияҳои дурдаст, ба монанди Мурғобу Дарвозу Ванҷ ва Ишкошиму Рӯшон омодагии худро барои пешкаш кардани қувваи корӣ, маводҳои зарурии ғизоӣ ва дигар лавозимот иброз намуданд.

Якдилию якмаромӣ, дӯстии борҳо дар соатҳои мушкилтарин санҷидашуда имкон бахшиданд, ки дар муддати хеле кӯтоҳ, дар тӯли 45 рӯз дастгоҳи нахустини неругоҳ аз сари нав мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, баъдан дар моҳҳои май ва июл ду дастгоҳи дигар низ аз рӯи нақшаи муваққатӣ ба кор андохта шуданд. Корҳои асосӣ дар барқароркунии неругоҳ то моҳи октябри соли 2007 пурра ба сомон расонда шуд ва се дастгоҳи неругоҳ ба таври доимӣ ба фаъолият оғоз намуданд.

Бо ҳамин муштариёни маркази вилоят – шаҳри Хоруғ дар зимистон 20-24 соат ва ноҳияҳо – 16-18 соат аз неруи барқ бархӯрдор шуданд. Ин, бешак, ба зиндагии ҳаррӯзаи мардум, пешрафти корхонаву муассисаҳо, бозору тиҷорат таъсири калони мусбӣ расонда, ҳамчунин, ба пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуд.

Мушкилот асосан танҳо дар барқарор кардани дастгоҳи дуюми НБО –и «Помир-1», ки аз ҳама бештар зарар дида буд, боқӣ монд. Хушбахтона, пас аз ҷустуҷӯ ва ҷаҳду талошҳои зиёди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъалаи хеле муҳим ҳалли худро пайдо намуд ва ширкати ҳиндустонии «BHEL» тайёр кардани генераторро барои дастгоҳи дуюми НБО -и «Помир-1» ба зимма гирифт. Марҳилаи тайёркунии генератор, интиқоли он тавассути нақлиёти баҳрию автомобилӣ  ва барқароркунии дастгоҳи дуюми неругоҳ низ танҳо бо кумаку дастгирии бевоситаи  Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ бомуваффақият анҷом пазируфт.

Барои кам намудани хароҷот дар барқароркунии дастгоҳи №2-и НБО — и «Помир-1» Ширкати «Помир Энерҷӣ» бо ҷалби кормандони худи ширкат қисмати турбинаро таъмир намуд. Дар давоми моҳҳои гарм бо ҷалб намудани пудратчиёни маҳаллӣ дар кӯли Яшилкӯл, ки манбаи асосии обтаъминкунии неругоҳ дар вақти зимистон ба шумор меравад, корҳои зиддифилтрасионӣ ба иҷро расонда шуданд.

Дар баробари ин, аз тарафи роҳбарияти ширкат ба минбаъд ба талаботи замон ҷавобгӯ гардондани дастгоҳу таҷҳизоти неругоҳ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Бо ин мақсад  аз рӯи фармоишоти корхона дар Ширкати «Ермаксан»-и Туркия барои турбинаҳои ҳамаи дастгоҳҳои неругоҳ тамоми таҷҳизоти зарурӣ тайёр ва  васл карда шуданд. Дар қатори чорабиниҳои муҳим, ки ба хотири баланд бардоштани эътимодияти фаъолияти неругоҳ андешида шуданд, ин сохтану мавриди истифодабарӣ қарор додани ду иншооти зиддияхсел дар болооби дарёи Ғунд дар мавзеъҳои Деҳбастаю Деҳмиёна ва дастрас кардани дастгоҳи махсуси такшинкаш аз шаҳри Нижний Новгороди Федератсияи Русия мебошад.

Ниҳоят дар таърихи 12 январи соли 2011 дастгоҳи зарардидаи неругоњ аз рӯи нақшаи муваққатӣ ба кор дароварда шуд. Пас аз 72 соати санҷиш мутахассисон боварӣ ҳосил намуданд, ки кори дастгоҳ бомаром буда, ба ҳамаи талаботи лозимӣ ҷавобгӯ аст.

Бо ҳамин нахустин маротиба дар таърихи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи чор дастгоҳи барқистеҳсолкунандаи Неругоҳи барқи обии «Помир-1» фаъол гардонда шуда, тавоноии неругоҳ аз 21 мВт ба тавоноии нақшавии 28 мВт расонда шуд. Дар барқароркунии дастгоҳи №2-и неругоҳ 5 ширкат аз 4 мамлакати ҷаҳон (Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Украина ва Туркия) иштирок намуда, вазифаи ба дӯшашон гирифтаро иҷро намуданд. Бо тавоноии пурра ба кор даровардани НБО-и «Помир-1» боиси он гардид, ки ҳамаи муштариёни шабакаи асосии ширкат (шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа, Рӯшон (бидуни водии Бартанг), Ишкошим (бидуни водии Вахони Боло) дар давоми 24 соат аз қувваи барқ таъмин карда шаванд.

Коллективи неругоҳ ҳамеша дар саъю талоши он аст, ки ин такягоҳи асосии ширкатро аз ҳар ҷиҳат пешқадам ва дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ дошта, ба ҳамин васила дар ҳар чӣ беҳтар қонеъ гардондани талаботи сокинони Бадахшон ба неруи барқ саҳми арзандаи худро гузорад.

Э. НАЗАРОВ, «Тоҷикистон»


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply