• 10.03.2019
  • 217
  • 0

«Бухорои шариф»: поягузори адабиёти навин

Дар хусуси нақши рӯзномаи «Бухорои шариф» дар мавриди рушди афкори адабӣ, пеш аз ҳама, шаклгирии шеъри навини тоҷикӣ таҳқиқоти алоҳида анҷом дода нашудааст.

Маълум, ки адабиёти тоҷик, бахусус, қисмати назми он таърихи зиёда аз ҳазорсола дорад ва дар бораи дастовардҳои он, хусусиятҳои шакливу мундариҷавиаш асарҳои гуногун ба забонҳои мухталифи ҷаҳон таълиф гардидаанд. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар оғози асри бистум шеъри тоҷикӣ то андозае ба ҷараёни нав ворид шуд ва аз ҷиҳати шаклу мазмун ба тағйирот мувоҷеҳ гашт. Шеъри суннатии форсӣ-тоҷикӣ, ки таҷрибаву анъанаи зиёда аз ҳазорсоларо дорост, хусусияти нав пайдо кард, ки дар ин бора дар асарҳои муҳаққиқони тоҷику рус, шӯравӣ ва даврони истиқлоли ҷумҳурӣ то андозае маълумот дода шудааст. Аз ҷумла, адибону муҳаққиқоне чун Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Абдурауфи Фитрат, И.С. Брагинский, М. Шакурӣ, А. Сайфуллоев, Х. Мирзозода, С. Табаров, Х. Асозода, А. Набавӣ ва дигарон дар осори гуногуни хеш дар ин хусус изҳори ақида кардаанд. Ногуфта намонад, ки муҳаққиқони мазкур дар ин ё он маврид ба ин паҳлуи масъала ба таври умумӣ ишорае бинмудаанд, вале мавзӯъ пурра мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст.

Нахуст бояд муайян кард, ки суннатшикание, ки дар «Бухорои шариф» ба назар мерасад, маҳз дар ин рӯзнома ба вуҷуд омад ё аз ин пеш ба вуқӯъ пайваст? Вобаста ба ин масъала ба ашъори дастраси маорифпарварон ва ҷадидони оғози асри бистум таваҷҷуҳ бояд намуд. Суоли дигари матраҳ он аст, ки тағйироти ба шеър воридкардаи муаллифони «Бухорои шариф» магар, дар ҳақиқат, навоваронаанд ё нишонаҳои онҳо: шаклу мазмунашон дар шеъри гузаштаи тоҷик мавҷуд буданд?

Вақте ки шумораҳои аввалини рӯзномаи «Бухори шариф»-ро ба даст мегирем, ҳанӯз аз шиносномаи болои саҳифа (11 марти соли 1912) ва минбаъд низ ба такрор чунин ҳарфҳоро мехонем: «Саҳафоти рӯзнома ба ҷиҳати таҳризоти илмия ва адабия ва фанния ва ба умум ба мақоли нофия боз аст». Дар поёнтар дар матни дигар бо ҳуруфоти калон ҳамчун баёнгари аҳдофи рӯзнома дар ҳар шумора такроран омадааст: «Рӯзномаи мо илмӣ, адабӣ, ахлоқӣ, фаннӣ, иқтисодӣ буда, ба тараққии бародарони исломӣ хоҳад кӯшид». Мушоҳида мешавад, дар ҳар ду матн аз номгӯйи мавзӯъҳое, ки зикр шудаанд ва бояд муҳтавои рӯзномаро ташкил диҳанд, дар ҷумлаи аввал: маводи «илмӣ, адабӣ ва фаннӣ», дар ҷумлаи дувум аз мавзӯъҳои «илмӣ, адабӣ, ахлоқӣ, фаннӣ, иқтисодӣ» калимаи адабӣ дар ҷойи дуюм меистад. Аз ин бармеояд, ки ҳарчанд рӯзномаи «Бухорои шариф» дар ҳамон вақт ҳамчун нашрияи маърифатӣ, иттилоотӣ, тиҷоратӣ эълон гашта буд, дар мундариҷаи он мавзӯи адабиёт дар ҷойи дуюм гузошта шудааст. Аз ин хулоса баровардан мумкин, ки дар ҳақиқат, саҳми рӯзнома дар густариши адабиёти давр намоён мебошад.

Дар рӯзномаи «Бухорои шариф» маводи бадеӣ: шеър, тарҷумаҳо, нақди бадеӣ хеле зиёд интишор гардидаанд.

Яке аз муаллифони асосии «Бухорои шариф» Мирзо Ҷалол бо як силсила ашъори хеш ба шеъри суннатии тоҷик тағйирот ворид кард ва ин ҳақиқати бебаҳс мебошад. Ӯ бо истифода аз мазмунҳои шеъри шоирони машҳури пешин дарди имрӯзаро баён сохт. Бо пешниҳодҳои аниқ илоҷи даво ҷустааст. Сабабҳои қафомонӣ, ноободӣ, муҳтоҷӣ, бемории ҷомеаву инсонҳоро нишон дод. Дар ин раванд, чуноне ки мушоҳида кардем, гоҳо ба мазмунҳои шоирони бузурге чун Ҳофизи Шерозӣ муқобил баромадааст. Аммо ин барои иҷрои мақсад мебошад, ҳадафҳое, ки аҳли рӯзномаи «Бухорои шариф» доштанд, маърифатнокии ҷомеа, танвири афкор буд.

Мирзо Ҷалол зери шеърҳояш бо як ҳарфи «Ҷим» имзо гузоштааст. Як шеъри ғазалмонанди Мирзо Ҷалол ба чунин шакл суруда шуда, ки ҳам аз ҷиҳати шакл ва ҳам мазмун тамоман нав мебошад, аммо бо истифодаи иқтибосҳо аз Ҳофиз:

Тахлис

Гулу гиёҳ, ки аз гулшани Ватан рӯянд,

Ғубори чеҳра ба борони меҳр мешӯянд.

Сафову лутф зи наззорагон ҳамеҷӯянд,

«Рубобу чанг ба бонги баланд мегӯянд».

«Ки гӯшу ҳуш ба пайғоми аҳли роз кунед».

Агар ба рӯйи замин ҳақ бувад, ҳамон дин аст,

Маро мухолифати навъи маслак оин аст,

Ки ҳосилоти масолик ашоъаи кин аст.

Нахуст мавъизаи пири майфурӯш ин аст,

Ки аз мусоҳиби ноҷинс эҳтироз кунед.

Ҷим («Бухорои шариф», №42, 19 апрели соли 1912)

Дар ин шеър мафҳумҳои Ватан, тасвири табиат ба маънои дигаранд ва ҳадафи шоир ободии кишвар ба ҳисоб меравад. Чунин вижагӣ — даст кашидан аз хусусиятҳои жанрии шеъри суннатӣ дар қитъае бо номи «Маснавӣ» низ ба чашм мерасад.

Дар шеъри «Мутоиба» Мирзо Ҷалол бо ҳамон услуби хоси худ ва рӯзнома оид ба Ватан ва гиромидошти он, шукуфоии диёр бо ҳиссиёти баланд ҳарф мезанад. Ду мисраи охири он ба як навъ шиор табдил ёфтааст:

Бечора! Ватан чӣ шуд, чаман ку?

Баргарду ақиб, бубин Ватан ку?!

Ҷим («Бухорои шариф», №50, 9 майи соли 1912)

Шеъри «Ҷавоби мутоиба»-и Мирзо Сироҷ маҳз дар ҷавоби ҳамин ашъори баландпарвозонаи Мирзо Ҷалол таълиф гардидааст. Он дар шумораи баъдинаи рӯзнома ба чоп расид, ки чанд байташ чунин мебошад:

…Услуби дигар ниҳем бунёд,

Созем равони Рӯдакӣ шод.

Равнақ бидиҳем илму фанро,

Обод кунем ин Ватанро!

М.Сироҷӣ («Бухорои шариф», №52, 11 майи соли 1912)

Силсилаи ашъор дар мавриди ҳунари шеър ва вазоифи навбатии адиб дар ашъори Мунири Мозандаронӣ (16 майи соли 1912), Фо.Адиби Бухороӣ (23 майи соли 1912), Мим.Син. бо номи «Ҷавоби адиби бухороӣ» (28 майи соли 1912), Мирзо Ҷалол, М.С.Мирзохурдоф (дар шумораҳои 68, 69, 71, 76, 86) идома ёфтааст. Аз ҷумла, Саид Мансур дар як шеъраш бо номи «Адабиёт» меорад:

Замона гарчи чу гулшан зи илм хушранг аст,

Барои пайравӣ, афсӯс, пойи мо ланг аст.

Ба мағзи кала чунон гашта ҷаҳл мустаҳкам,

Ки унси мову маориф чу шишаву санг аст…

Миёни мову тамаддун масофаест тавил,

Зи ишқ то ба сабурӣ ҳазор фарсанг аст.

Худой тоат аз инсон талаб кунад, Мансур,

Улум касб кун, ва бандаги-т оҳанг аст.

Саид Мансур («Бухорои шариф», №59, 19 майи соли 1912)

Яке аз махсусияти шеъри мазкур он мебошад, ки ҳарчанд сарлавҳаи «Адабиёт»-ро дорад, дар он масъалаи иҷтимоӣ ҳаллу фасл гардидааст. Шеър то андозае рӯҳияи озурдадилӣ ва ранҷиш аз замонаро дорост, монанди «Тамоми миллати мо ҳамчу ман сиёҳранг аст», «Миёни мову тамаддун масофаест тавил»… Чунин як хусусият дар ашъори он солҳо баробари рӯҳияи мутантан, вазифагузорӣ ва раҳнамоӣ, ки бисёр шеърҳо аз он саршор буд, баъзан ба назар мерасид.

Бояд гуфт, ки ҳамаи ин ашъор як мавзӯъ дошта бошанд ҳам, аз ҷиҳати шеърият, сабку услуб фарқ мекунанд. Дар мавриди мавзӯю мазмуни ин силсила шеърҳо муҳаққиқ Холиқ Мирзозода ҳангоми баррасии адабиёти ҷадидия баъзе маълумот ва хулосаҳо баён сохта, ки аз аҳамият холӣ нестанд. Хушбахтона, мавсуф дар асари хеш «Таърихи адабиёти советии тоҷик» (ҷ.1) баъзе аз ин осорро бори аввал пешниҳоди хонандагон кардааст. Аммо дар истифода аз ном, сана ва дигар маълумоти рӯзнома ба иштибоҳҳо роҳ дода, ки хусусияти техникӣ доранд. Бадии кор дар он аст, ки баъзе муҳаққиқони баъдина ин хатоҳоро дар таҳқиқоти худ такрор кардаанд, аз он рӯ, ки он замон бастаҳои «Бухорои шариф» ба ҳама дастрас набуданд.

Бояд гуфт, ки аҳамияти силсилаи шеърҳои «Бухорои шариф» оид ба вазифаҳои нави адиб ва шеър барои ба вуҷуд омадани адабиёти навини тоҷик дар оғози асри бист хеле калон аст. Пеш аз ҳама, ба он оварда расонд, ки мавзӯъ, сабку услуби нав ва ҷараёни реализм дар адабиёти тоҷик пайдо ва рушд ёбад.

Бояд гуфт, ки дар оғози асри бистум дар адабиёти ҷадидӣ озодии шакл ва сабки шеър ба зуҳур омада буд. Ин навоварӣ дар «Бухорои шариф» ба авҷи аъло расид ва шакли хос пайдо кард. Он аз ашъори навини Мирзо Ҷалол шурӯъ шуда, аз тарафи дигар ҳамкорон, муаллифони рӯзнома чун Мирзо Сироҷи Ҳаким идома ёфт. Аксари шоирони давр дар садади қолабшиканӣ буданд. Аз ин рӯ, Мирзо Сироҷи Ҳаким дар ҷавоб ба Мунири Мозандаронӣ чунин сатрҳоро меорад, ки аз ҳақиқати ҳол дарак медиҳад:

Маслаки ашъор дигаргун шуда,

Қофияҳо яксара ворун шуда…

Мирзо Сироҷ («Бухорои шариф», №58, соли 1912)

Ҳамаи ин аз баҳсу мунозира бо адибони суннатгаро сар зада, ки ба ташаккули роҳу усулҳо ва шаклҳои нав оварда расонд. Дар натиҷа арзишҳои адабӣ ва зебошинохтӣ ҳам дигаргун шуданд ва хусусияти шеъру адаби тоҷик дар ду даҳсолаи аввали асри бистум тағйир ёфт.

Бахтиёри АБДУРАҲИМ,

номзади илми филология, 

декани факултети филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner