• Mardon
  • 12.04.2019
  • 0

Бунёди Оғохон дар дарёи Панҷ пули иртиботӣ месозад

Бунёди Оғохон дар дарёи Панҷ пули иртиботӣ бунёд хоҳад кард, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад.

Бино ба хабари Азия-Плюс, ин пули иртиботӣ 180 метр тӯл дошта ва минтақаи Кокули ноҳияи Фархори вилояти Хатлонро ба маҳали Ойхонуми вилояти Тахори Афғонистон пайваст хоҳад кард.

Дар чорчӯби ин тарҳ аз ноҳияи Восеъ то ноҳияи Фархор 50 километр роҳи автомобилгард низ бунёд хоҳад шуд.

Дар иҷрои ин лоиҳа дар канори Бунёди Оғохон Комиссияи Аврупо аз тариқи Бонки рушди Олмон ва Барномаи ҳамгироии минтақавии Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон ширкат мекунанд.

Феълан миёни Тоҷикистону Афғонистон 7 пули иртиботӣ фаъол буда ва 5 пул дар ҳудуди вилояти Бадахшон воқеъ аст.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner