• Шаҳло НИЁЗОВА
  • 13.12.2016
  • 0

Ширкати Тcell бо журналистон семинари амалӣ гузаронд

Рӯзҳои 12  ва 13 -уми декабри соли ҷорӣ   дар толори  Tcell Plaza, воқеъ дар шаҳри Душанбе барои журналистони  расонаҳои электрониву чопии ҷумҳурӣ семинари амалӣ таҳти унвони  «Digitаl workshop» гузаронида шуд.

Семинари мазкур бо ибтикори Тcell соли сеюм аст, ки  барои кормандони ВАО ва ин ширкати мобилӣ доир мегардад. Ба иштирокчиёни семинар  Денис Батилин, яке аз тренерҳои варзида дар соҳаи расонаҳои электронӣ  дар бораи  чӣ гуна сохтани стратегияи бизнес, digital –реклама  ва  фурӯши хизматрасониҳои  гуногун ба воситаи  интернет- онлайн  дарси амалӣ гузашт. Иштирокчиён баъди пурра ба итмом расонидани семинар соҳиби сертификат шуданд. Чанде аз иштирокчиён таассуроти хешро нисбати ин семинар чунин баён доштанд:

Аловиддин Бӯриев, директори тиҷорати радиои «FM Ховар»:

— Дар шароити имрӯзаи рушди техника ва технология баргузор намудани ин гуна дарсҳои назариявию амалӣ барои намояндагони расонаҳои чопиву электронӣ ба манфиат аст. Махсусан, роҳҳои кор кардани маблағ, ташвиқу тарғиби  фаъолияти корхана дар интернетро тренер Денис Батилин  ба мо омӯзонд.  Ман  аз ширкати Tcеll барои ташкил намудани чунин семинари ҷолиб изҳори сипос менамоям.

Фаридун Хайруллозода, муҳаррири барномаҳои фарҳангиву фароғатии радиои «Ватан»:

-Аслан ин трейнинг барои ман як дарси хоса ва зинаи муваффақият аст. Ба наздикӣ мақсад гузошта  будам, ки блоки шахсии худро дошта бошам. Зеро ҳамарӯза 7 соат дар радио барномаи мустақимро пеш мебарам ва дар ин муддат аз тарафи шунавандагон маводҳои зиёде ҷамъ мешавад. Акнун баъди гузаштани ин семинар маводҳои ҷолибе, ки барои ман ва шунавандагон писанд аст, дар блоки шахсиам ба таври хоса ҷой менамоям.  Шахсияти Денис Батилин ҳамчун блогери маъруф номашро шунида будам, аммо дар тренингҳояш иштирок накарда будам. Маъхазҳое, ки Денис Батилин барои мо пешниҳод кард,  натанҳо барои блогерон, балки барои тамоми журналистоне, ки бо расонаҳои электронӣ ва чопӣ сару кор мегиранд, муфид аст.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner