Чаро моли Тоҷикистон рақобатпазир нест?

ИҚТИСОД, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

Сабаби паст будани азхудкунии иқтидори бузурги содиротӣ набудани шароити одитарини иқтисодӣ барои истеҳсол, ҳавасмандии иқтисодӣ-ҳуқуқӣ, таҳқиқоти маркетингӣ ва шароит барои фаъолнокии инвеститсионӣ мебошад.

Кишварҳое, ки дар тақсимоти байналмилалии меҳнат фаъолона ширкат намекунанд, иқтидори нокифояи содиротӣ доранду бо хориҷа ҳамкории сусти иқтисодиро ба роҳ мондаанд, аз таъмини озуқа танқисӣ  хоҳанд кашид. Чунин мушкилот дар кишвари мо ҳам ба чашм мерасад.

Аз давраҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо сабабҳои маълум талаботи ба ҷумҳурӣ аз берун ворид кардани маҳсулоти озуқа ба миён омад. Дар соҳаи аграрӣ пастравии истеҳсолот рух дода, баъзе соҳаҳо, аз ҷумла парандапарварӣ, қароқӯлпарварӣ қариб аз байн рафтанд.

Мушкилоти дигар он аст, ки соҳаи аграрӣ ба захираҳои моддии берун аз кишвар (техника, нурӣ, сӯзишворӣ) ҳамеша ниёз дорад. Ин раванд боиси камшавии истеҳсоли озуқаворӣ ва зиёдшавии маҳсулоти воридотӣ гардид. Агар сатҳи критикӣ (ниҳоӣ)-и эътирофшуда, ки  баъди он аз даст додани амнияти озуқаворӣ ба миён меояд, 25-30 фоизро ташкил диҳад, ин рақам дар кишвари мо зиёда аз 50 фоизро ташкил медиҳад.

Ин ҳар чӣ зудтар рушд додани истеҳсолоти ватанӣ ва идораи оқилонаи муносибатҳои иқтисодии берунаро тақозо мекунад. Зеро воридот аллакай ҷои маҳсулоти ватаниро пахш карда, аз нисф зиёди бозори дохилиро «забт» намудааст. Чунин муносибати воридотӣ захираҳои муайяни инвеститсиониро, ки ба хориҷа ва структураҳои криминалӣ мераванд, «ғасб карда», воситаҳои рушди истеҳсолоти ватаниро кам месозанд.

Бо вуҷуди ин, дар соҳаи аграрии ҷумҳурӣ кумаки молиявии давлатӣ ва дигар навъ дастгириҳо хеле нокифояанд. Бе ёрии давлат аз ин бунбасти аграрӣ баромадан мушкил аст.

Дар бахши содирот низ вазъият чандон хушоянд нест. Масалан, 90 фоизи содироти маҳсулоти пахта асосан дар шакли ашёи хом (нах) сурат гирифтааст. Ҳол он ки иқтидори содироти маҳсулоти аграрии Тоҷикистон бештар аз 60 номгӯйро дар бар мегирад. Ба ин рӯйхат картошка, пиёз, ангур, мева, спирти этил, хушкмева, кабудӣ, арахис, помидор, равғани геран, пӯст,  пашм ва ғайра дохил мешаванд. Вале ин гуногунии иқтидори содиротӣ ҳамагӣ 15-20 фоизи маҷмӯи умумии маҳсулоти аграриро ташкил медиҳад, ки хеле ночиз аст.

Сабаби паст будани азхудкунии иқтидори бузурги содиротӣ набудани шароити одитарини иқтисодӣ барои истеҳсол, ҳавасмандии иқтисодӣ-ҳуқуқӣ, таҳқиқоти маркетингӣ ва шароит барои фаъолнокии инвеститсионӣ мебошад.

Вобаста ба ин проблемаи рушди савдои берунӣ, ҳифз ва тараққӣ додани истеҳсолоти аграрии ватанӣ ҳанӯз актуалӣ боқӣ мемонад. Алҳол истеҳсолкунандагон (содиркунандагон) имрӯз корхонаҳои худӣ (муассисаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ ва нассоҷӣ)-ро, ки ба маҳсулоти маҳаллӣ бояд кор кунанд, нодида мегиранд.

Ин хилофи сиёсати иқтисодист. Муассисаҳои саноатии бекорхобида, на танҳо аз даст додани маҳсулоти ватанист, балки талафоти арзи хориҷист, ки онро барои рушди иқтисодии кишвар сарф кардан мумкин буд.

Дар шароити кунунӣ, ки нархи пахта ба воситаи миёнаравҳо фурӯхта мешавад, истеҳсолкунандагон ҳамагӣ 10-25 фоизи арзиши ниҳоии маҳсулотро соҳиб мегарданд. Ҳол он ки дар кишварҳои пешрафта ин рақам ба 65-75 фоиз мерасад.

Алҳол дар бозори фурӯши маҳсулоти аграрии ҷаҳон рақобат характери глобалӣ гирифта истодааст. Дар ин гуна шароити рақобати шадид касе ғолиб меояд, ки маҳсулотро бо харҷи каму сифати баланд истеҳсол мекунад.

Шоистаи рақобат набудани маҳсулоти аграрии ҷумҳурӣ натиҷаи хароҷоти зиёд ба воҳиди маҳсулот аст. Сабаби он суст будани базаи моддию техникӣ, технологияи куҳна ва паст будани суръати навкунии он аст.

Дар замони шӯравӣ соҳаи аграрии Тоҷикистон дар доираи фазои ягонаи СССР фаъолият мекард. Он ҳамчун минтақаи таъминкунандаи ашёи хом (пахта, пилла, пашм, пӯст) маҳсуб меёфт. Коркарди маҳсулот дар марказҳои саноатии собиқ СССР сурат мегирифт. Ба ивази таъмини ашёи хом ба Тоҷикистон аз дигар ҷумҳуриҳои бародар ғалла, равған, техника, сӯзишворӣ, нурӣ ва ғайра ворид мешуд. Кандашавии робитаҳо боиси он гардид, ки имрӯз дар комплекси агросаноатии кишвар бахши таъминкунандаи захираҳо (техника, сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ) нест. Бахши дуюм (истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ) ва сеюм (ҳифз, интиқол, коркард, саноати сабуку хӯрокворӣ) бошад, суст фаъолият мекунад.

Имрӯз вазифаи аввалиндараҷа аз он иборат аст, ки ҳамаи қувваро баҳри баланд бардоштани истеҳсолоти худӣ сафарбар намуда, воридсозии маҳсулотро аз берун кам кунем. Зимни тартиб додани консепсияи илмии тараққиёти соҳаи аграрӣ таҷрибаи ҷаҳонии истеҳсоли озуқаворӣ ва сиёсати кишварҳои воридкунандаро доир ба мустаҳкамкунии мавқеашон дар бозори дохилӣ ба назар гирифтан лозим аст.

Фаррух Абдувосиев,

корманди Институти иқтисодиёт ва демографияи АИТ

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply