• Абдумудассир АҲМАДОВ
  • 11.01.2019
  • 0

Чаро “се” аз “чор” калонтар шуд?

Вақте ки хабари боз ҳам иваз шудани рақами мошинҳоро ба рақами нав хондам, ба сарам андешае зад, ки онро одатан дар бозор истифода мебаранд. “Бардорад, зам кун…” Ин дафъа мегӯянд, ки рақами мошинҳо ба ҷои чоррақама серақама мешавад ва ин  вобаста ба он будааст, ки дигар “чоррақамаҳо” қудрати ғунҷоиши рақамҳоро надоштаанд. Аввал ҳайрон шудам, ки вақте ғунҷоиши чоррақама аз серақама камтар будааст, чаро се аз чор калон  нест? Магар мо каме бештар аз як сол пеш бо маблағи 450 сомонӣ рақамҳои “русии” РТ-ро ба рақамҳои “тоҷикии” TJ иваз накарда будем? Вақте ки чунин “куртанавкуниҳои” зуд — зудро мебинам, чизи дигаре ба ёдам меояд. Дар замони шӯравӣ, ҳатто то давраи Истиқлолияти миллӣ дар кӯчаҳои шаҳр   мошинҳои онзамонаро бо рақамҳои “сталинӣ” дидан мумкин буд. Гап дар сари он, ки соли 1961 Сталинобод ба Душанбе ном иваз кард. Аммо рақами мошинҳо мисли пешина бо сари ҳарфи Сталинобод боз чандин соли дигар мавҷуд буданд. Аммо баъд аз Тоҷикистон соҳибистиқлол гардидан  мо аллакай тавонистем се маротиба рақами мошинҳоямонро иваз намоем. Бо ин, ки ин кор дар бехатар гардидани ҳаракати нақлиёту пиёдагардон ягон нақше надорад, шубҳа надорам. Ҳоло шумораи садамаҳои нақлиётӣ нисбати он солҳое,ки ёдовар шудем, чандин маротиба афзудааст. Албатта, ин ба зиёд шудани шумораи нақлиёт ҳам иртибот дорад, вале агар ба ҷои  зуд-зуд иваз намудани рақами мошинҳо,ки ба киссаи “опелдорон”-и  камбизоат зарбаи таъсирнок мезанад, омӯзиши касбии ронандагони ҷавон  ба роҳ монда мешуд, хеле беҳтар мебуд. Банда,ки таҷрибаи қариб 35 — солаи ронандагӣ дорам, ҳар вақте дар “паҳлуи” мошини худ мошинеро мебинам, ки дар ҷилави он ҷавоне нишастааст, кӯшиш мекунам, ки  аз он дуртар бошам ва “аз бало ҳазар” гӯён боэҳтиёттар мешавам. Зеро боварӣ надорам, ки ӯ “права”-ро се моҳ аз саҳар то бегоҳ хондаю баъд имтиҳонҳоро   худаш, бе кумаки “тағо” супоридааст. Аз чунин “правадорҳо” эҳтиёт шудан лозим,ки ҳар лаҳза метавонанд барои ронандагони дигар “сюрпризе” пешниҳод намоянд. Дар боло ман “Бардорад зам  кун …”гуфтам ва  акнун идомаашро мегӯям: “Набардорад, кам кун…”  Умед дорам, ки ин бор низ Пешвои миллат, мисли он ки ба болоравии нархи симкортҳо вокуниш нишон доданд, садди роҳи боз як маъракаи пулҷамъкунӣ мешаванд. Боз як нуктаи умедворкунанда он аст, ки Вазорати корҳои дохилӣ низ ҳанӯз санаи ин навоварӣ ва нарху навои онро муайян накардааст…

А.АҲМАДЗОДА ,

рӯзноманигор

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.