Чекистҳои Ӯзбекистонро ба Варзоб бурданд

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон ҳайати меҳмонон аз Хадамоти бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пас аз шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба ноҳияи Варзоб сафар карданд.

Зимни боздид аз ин минтақаи туристӣ меҳмонон аз дидани манзараҳои зебову биҳиштосо, дарёча ва шаршараҳои софи кӯҳӣ ба ваҷд омада, аз табиати сабзу насими ҷонбахши ин минтақаи дилрабои Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурданд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳайати меҳмонон аз Хадамоти бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply