Чип ба Кумитаи андоз “хабаркашӣ” мекунад

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳҳо нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ “чип” ё дастгоҳе насб кард, ки аз тиҷорати ҳар литр газу бензин мустақим ба мақомот гузориш медиҳад.

Масъулони Кумитаи андоз гуфтанд, ки тарҳро ба хотири пешгирӣ аз фирори тоҷирони нефту газ аз пардохти молиёт роҳандозӣ карданд. Ба қавли онҳо, чунин дастгоҳ аллакай дар 30 фоизи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ насб шудааст. «То ҳол аз 1141 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар 454 нуқта дастгоҳи электронӣ вуҷуд дорад”, — гуфтанд дар дафтари матбуоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ба маъноест, ки агар ронанда дар ин нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ барои мисол 10 литр бензин бигирад, ҳаҷм ва қимати он тариқи дастгоҳи электронӣ мустақим ба махзани ягонаи Кумитаи андоз ворид мешавад. Феълан дар вилояти Суғд дар 80 дар сади нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ «чип» гузошта шудааст. Дар назар аст, то поёни имсол дар ҳамаи нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхт дар шаҳру навоҳии кишвар “чип” гузошта шавад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply