Cобиқ додситони кул даъвои баргардонидани манзилашро дорад

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кул аз мақомоти Вазорати адлияи Тоҷикистон талаб дорад, ки хонаи сеҳуҷраии ӯро дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии пойтахт бозпас диҳанд. Ин хона соли 2016 бар асоси қарори Додгоҳи Исмоили Сомонӣ ба ихтиёри Вазорати адлия гузашта буд.

Собиқ додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов рӯзи 8-уми март гуфтааст, он вақт мақомоти додгоҳ хонаро ҳамчун дороии писари маҳкумшудааш Файзулло сабт карда, ба Вазорати адлия доданд. Дар ҳоле ки, ба иддаои ӯ, ин хонаро дар замони додситони кул буданаш харидааст.

Бобохонов мегӯяд, барои исботи инки хона моликияти ӯст, то ба ҳол ба натиҷае нарасид, вале аз он даст кашиданӣ нест. “Ин хонаро худам харида будам, вале Додгоҳи Исмоили Сомонӣ онро ба номи писарам Файзулло, ки дар маҳбас буд, сабт карда, соли 2016 ба ҳисоби Вазорати адлия гузаронд. Вазорати адлия баъди як муддат онро ҳамчун “хонаи бесоҳиб” ба ҳисоби Дастгоҳи президент гузаронд, то даъво накунам. Ҳоло ин хона дубора ба ҳисоби Вазорати адлия гузаштааст ва мехоҳем онро баргардонем”, — нақл кард ӯ.

Вай мегӯяд, баъди соли 2010 бознишаста шуда, бо пули нафақа зиндагӣ дорад ва вақти худро бештар бо дӯстони ҳамсолаш мегузаронад. Ӯ инчунин гуфт, писараш Файзуло собиқ додситони ноҳияи Ҳисор соли 2013 аз маҳбас озод шуд, аммо то ҳанӯз бекор аст.

Бобоҷон Бобохонов даҳ сол – аз 2000 то 2010 – додситони кулли Тоҷикистон буд. Ӯро танҳо нафаре дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон медонистанд, ки ду навбати панҷсолӣ ин масъулиятро дар ӯҳда дошт ва нафарони қабл аз ӯ дар ин мақом натавонистаанд як навбати панҷсолиро ҳам ба анҷом расонанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Cобиқ додситони кул даъвои баргардонидани манзилашро дорад

Leave a Reply