Дар боздоштгоҳ муҳоҷирон ошӯб бардоштанд

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Рӯзи 3 феврал ҳудуди 20 муҳоҷир дар боздоштгоҳи шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Красноярск бо талаби шароити беҳтар ва ихроҷи ҳарчӣ зудтари онҳо ба кишварҳои зодгоҳашон ошӯб бардоштаанд.

Дар робита ба ин ҳодиса алайҳи ду шаҳрванди Озарбойҷон ва зодаи Тоҷикистон Мӯҳсин Н. бо иттиҳоми ташкили бетартибиҳои оммавӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Раёсати тафтишоти кишвари Красноярски Русия рӯзи 8 феврал хабар дод, ки дар робита ба ошӯби маҳбусон дар боздоштгоҳи шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Красноярск бар асоси қисми дуюми моддаи 212-уми Кодекси ҷиноятии Русия (иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Дар дафтари матбуоти раёсати тафтишоти Красноярск ба сомонаи «Ахбор” гуфтанд, киду ташкилкунандаи бетартибиҳои оммавиро ба ҳабс гирифтаанд: «Як нафари дигар, ки бо фармони ташкилкунандагони бетартибиҳо амволи боздоштгоҳро оташ зад, низ бар асоси моддаи 91-уми Кодекси ҷиноятиву мурофиавии Русия ба ҳабс гирифта шуд.”

Дар раёсати тафтишоти Красноярск аз ифшои номи ин се нафари ҳабсшуда худдорӣ карданд, вале гуфтанд, ки бахши аъзами муҳоҷирони ошӯбгар аз як кишвари Осиёи Марказӣ буданд.

Аммо нашрияҳои маҳаллӣ, аз ҷумла Nation News, бо такя ба манобеи наздик ба тафтишот хабар доданд, ки бо иттиҳоми ташкили ошӯб дар боздоштгоҳи Красноярск ду шаҳрванди Озарбойҷон – Элчин А. ва Элшан Г. ва шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Мӯҳсин Н. дастгир шудаанд. Nation News менависад, ду нафари онҳо барои дуздӣ ва якеи дигар барои куштор маҳкум ба зиндон шуда, онҳоро баъди адои ҳукм бо мақсади ихроҷ аз Русия ба боздоштгоҳи муҳоҷирон интиқол дода юуданд.

Ба гуфтаи тафтишот, рӯзи 2 феврал, соати тақрибан 8-и субҳ иттилоъ расид, ки дар Маркази нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвари Красноярск чанд нафар даст ба бетартибиҳои оммавӣ задаанд. Ба ҷои ҳодиса нерӯҳои Росгвардияро фиристода, бо кумаки ин нерӯҳо ошӯбро фурӯ нишондаанд ва ташкилкунандагону иштирокунандагонашро ба ҳабс гирифтаанд.

Раёсати тафтишоти Красноярск мегӯяд: «Бино ба фарзияи муқаддамотии таффтишот, субҳи 3 феврал ҳудуди 20 шаҳрванди хориҷӣ, ки дар се ҳуҷра дар қабати аввали боздоштгоҳ нигоҳ дошта мешуданд, баррикада сохта, матрасҳоро оташ заданд, чанд видеокамераи назоратиро шикастанд ва бо амалҳои худ кори ин муассисаро ба ҳам заданд. Талаби асосии иштирокунандагони ошӯб беҳтар кардани шароити нигоҳдории онҳо ва ихроҷи ҳарчӣ зудтари онҳо ба Ватан буд.”

Тафтиши ин қазия идома дорад. Ба ташкилкунандагони бетартибиҳои оммавӣ дар боздоштгоҳи муҳоҷирони Красноярск бар асоси моддаи 212-уми Кодекси ҷиноятии Русия аз 8 то 15 соли зиндон ва ба иштирокунандагони бетартибиҳо аз 3 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ин бори аввал нест, ки муҳоҷирон, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон бо талаби шароити беҳтар ва ихроҷи зудтари онҳо дар боздоштгоҳҳои муҳоҷирон дар Русия даст ба ошӯбу эътироз мезананд.

Рӯзи 23 феврали соли гузашта 7 муҳоҷири тоҷику узбек, ки дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Екатеринбурги Русия дари ҳуҷраи худро баста, талаб кардаанд, ки онҳоро аз қаламрави ин кишвар ихроҷ накунанд, вагарна рагҳои хунгарди худро мебуранд. Ин маҳбусон ҳамчунин аз шароити боздоштгоҳ шикоят доштаанд. Мақомоти боздоштгоҳ бо кумаки нерӯҳои ОМОН он ошӯбро фурӯ нишонданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, муҳоҷирони дастгиршударо дар чунин марказҳои муваққати нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ гоҳо 6-7 моҳ то замони пайдо кардани пули ихроҷи онҳо нигоҳ медоранд ва ин мардум дар ин боздоштгоҳҳо дар як шароити беҳуқуқӣ ва пур аз маҳрумият қарор доранд. Ин боис мешавад, ки муҳоҷирони баҷономада бо чунин шеваҳои хушунатомез даст ба эътироз ва ҳатто ошӯб бизананд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply