Дар Дарвоз чоргоник таваллуд шуд  

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

 

Имрӯзҳо хонаи сокини деҳаи Сангеви Ҷамоати деҳоти Қалъаи хуми ноҳияи Дарвоз Маҳдиҷони Шукрихудо пур аз меҳмон аст. Дар ин хонавода чаҳоргоникҳо- ду писар ва ду духтар ба дунё омаданд.

Модари ин чор фарзанд Меҳрангези Саломатшо мегӯяд, ки «ба ҷуз хешу табор одамони зиёди ношинос ба хона омада, маро табрик мекунанд. Ман чаҳор сол пеш шавҳар кардам. Дар давоми чор сол фарзанд наёфтам. Баъди табобат дар шаҳрҳои Москва ва Душанбе соҳиби ин чоргоникҳо гаштам. Номашонро Абубакру Умар ва Фотимаву Зӯҳро гузоштам. Ба гуфтаи табибони беморхонаи ноҳия, ин бори аввал аст, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чоргоникҳо ба дунё омаданд. Ман хеле хушҳолам, ки чунин бахти баланд насиби ман гардид».

Модари Меҳрангез дар беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти Нулванд  момодоя аст ва ҳоло дар нигоҳубини кӯдакон ба духтараш кумак мекунад.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

3 комментарий

  • Ҳар вақте хабари тавлиди чоргоникҳоро мешунавам, бо чашми ҳавас мутолиа мекунам. Мехоҳам Худованди бузург бароям чунин бахтро насиб гардонад. Кӯдаконро бениҳоят дӯст медорам.

  • Ҳар вақте хабари тавлиди чоргоникҳоро мешунавам, баданамро ларза мегирад: памперс, шири сунъи, дорую дармон, корхои нимкораи хона, норозигии хусуру хушдоман, кошу кавоки шавхар ва ….. гайра.)))))

Leave a Reply