Дар дарёи Зарафшон 5 кас мурд, 1 кас зинд монд

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Дар натиҷаи як садами нақлиётӣ, дар деҳаи Миндонаи ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент 6 нафар ба дарёи Зарафшон сарозер шуда, 5 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Тавре аз шуъбаи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд, ҳодиса бегоҳи 13-уми июн дар соҳили рости дарёи Зарафшон рух додааст.

Бино ба маълумотҳо, дар мошини тамғаи «Нива Шевроле”, ки аз ҷониби шаҳри Панҷакент ба деҳаи Миндона ҳаракат мекардааст, 6 нафар — як зану 5 мард бо шумули ронанда қарор доштаанд. Нақлиёт бо сабабҳои номаълум аз роҳ берун шуда ба ҷарии тақрибан 20-метра фурӯ меравад. Ҳини сарозер шудани нақлиёт, як мӯйсафед ва як писарбачаи хонандаи синфи 8 аз мошин берун ба соҳили дарё меафтанду танҳо ин мусофири наврас зинда мемонад. Айни замон навраси зиндамонда дар беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент, таҳти назорати табибон қарор доштааст. Кормандони милитсия ва ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Панҷакент бегоҳӣ ҳамон рӯз ба ҷои ҳодиса омада, ин ду нафари дар соҳил буда ва ҷасади як нафар занро аз об пайдо мекунанд. Парвиз Амонов, мудири шўъбаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Панҷакент гуфтааст, ки  бо ҷалби сокинон, моҳидорону шикорчиён ва ихтиёриён рӯзи 14 июн ҷасади 2 нафари дигарро пайдо кардаанд ва ҷустуҷӯи як нафари боқимонда идома дорад. Роҳбарияти шаҳри Панҷакент барои дилбардорӣ ва арзи таслият, ба манзилҳои ҳалокшудагон рафтааст.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply