Дар Хоруғ маросими ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ баргузор шуд

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Cубҳи 14 сентябр дар шаҳри Хоруғ маросими ифтитоҳи бинои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Дар ин маросим президент Эмомалӣ Раҳмон иштирок кард, ки бо як сафари ошноӣ бо вазъи минтақа дар Бадахшон қарор дорад. Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ дар асоси шартномаи байналмилалӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Фонди Оғохон сохта шуда, аз биноҳои таълимии дуошёна ва сеошёна иборат мебошад.

Вебсайти президент хабар медиҳад, ки нақшаи кулли донишгоҳ дар масоҳати беш аз 80 гектар замин бунёд шудани се қисми донишгоҳро пешбинӣ мекунад ва имрӯз қисмати якуми он дар масоҳати наздики 15 гектар ба истифода дода шуд. Донишгоҳ асосан аз рӯи ду ихтисос — омӯзиши илм дар бораи замин ва муҳити зист ва иқтисодиёт дарс медиҳад.

Шумораи донишҷӯён дар шаҳри Хоруғ 150 нафарро ташкил медиҳанд ва дар миёни донишҷӯён на танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки донишомӯзони Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳо таҳсил мекунанд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply