Дар МТС буҷаи соли 2019-21-ро барассӣ карданд      

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Санаи 11 октябри соли равон дар Маркази тадқикоти стратегии назди    Президенти ҶТ маҳфили навбатии журналистикаи иқтисодӣ «Тавозун» дар мавзӯи: «Марҳилаи якуми ташаккулёбии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» баргузор гардид.

Зикр гардид, ки мақсад аз баргузории маҳфили «Тавозун» бо ҷалби  ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО  ба роҳ  мондани  муҳокимаи фаъоли  буҷети миёнамуддати давлатӣ ҳамчун воситаи муҳими молиявии амалигардонии сиёсати иҷтимоӣ — иқтисодии мамлакат мебошад. Дастрасии  саривақтии маълумоту  ҳуҷҷатҳои буҷетӣ имкон медиҳад, ки  аз ҷониби қонунгузор ва ҷомеа сифати қарорҳои   қабулшавандаи  буҷетӣ таҳти  назорат бошанд,  шаффофияти  кор  ва масъулияти ҳокимияти иҷроия барои таҳияву амалишавии буҷа баланд шавад ва ҳамзамон барои назорати хароҷоти мақсадноки маблағҳои давлатӣ замина пайдо мегардад.

 Дар доираи  кори маҳфил намояндагони сохторҳои давлати мутахассисон,  коршиносон ва кормандони масъулӣ ВАО иштирок намуда перомуни банақшагирии стратегӣ ва ташакулёбии буҷаи миёнамуҳлати давлатӣ саволу ҷавоб намуданд. Коршиносони маҳаллӣ  оид ба нақшагирии  стратегӣ Лола Қудусова ва идораи молияи давлатӣ Абдураҳмон Наҷмиддинов ба иштирокчиён оид ба таҷрибаи банақшагирии стратегӣ ва рушди он дар Тоҷикистон ва марҳилаи буҷети давлатӣ барои солҳои 2019-2021 маълумоти муфассал дода қайд намуданд, ки  тамоми Вазоратҳои соҳави Вазорати тандурусти, Вазорати маориф ва дигар соҳаҳо барои беҳбуд шудани самти хароҷот метавонанд ҳуҷатҳои худро ба Вазорати молия пешниҳод намуда камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намоянд. Инчунин ҳаҷми умумии маблағе, ки дар давраи миёнамуҳлат барои маблағгузори  соҳа  равона карда мешавад,  яъне механизми асосии  тадбиқшавии барномаи миёнамуҳлати хароҷотҳои давлати  иборат мебошад. Хусусияти хоси барномаи миёнамуҳлати  хароҷоти давлатӣ ин пеш аз ҳама механизми миёнамуҳлатро дар бар мегирад.

Дар ҷамъомад намояндагони Парлумони ҶТ, Вазорати молияи ҶТ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, роҳбарони  қисматҳои барномаи   «Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ», роҳбарони ВАО-и давлатӣ ва мустақил, журналистон, таҳлилгарон ва коршиносони соҳаи молияву иқтисод ҳузур доштанд.

 Хотирасон менамоем, ки маҳфили «Тавозун» бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар доираи лоиҳаи «Дастгириии идоракунии  молияи давлатӣ дар Тоҷикистон»    бо маблағгузории Вазорати Рушди Байналмиллалии Британияи Кабир (DFID ва дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода»-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Ширин Иноятова

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply