Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ падар ба духтар дастдарозӣ кард  

ДИН ВА ҶОМЕА, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

 

Бало танҳо намеояд

 “Бало танҳо  намеояд” гуфтани мардум беҳуда нест, дар як ноҳия куштор ё таҷовуз ба номус рӯй диҳад, қасд кардагӣ барин, ҳатман чанде пас дар ҷои дигар ҳодисаи ҳамранги он ба вуқуъ мепайвандад. Аз нашри мавод дар бораи ҳодисаи гӯшношунид-аз  падари худаш писар зоидани духтараке дар ноҳияи Ҳисор ҳанӯз 10 рӯз нагузашта, ба гӯшамон овозаи боз чунин як рӯйдоди таассуфангез дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (Кӯйбишев) расид. Сару садоҳо чунон бисёр буданд, ки кас сари калобаашро гум мекард. Яке иддао мекард, ки мард якбора домони ду духтарашро доғдор намудааст, дигарӣ ин овозаро рад намуда мегуфт, ки духтари хурдӣ покдоман буда, маҳз ӯ сирру асрори ин кирдори разилонаи падарашро фош намудааст.  Барои фаҳмидани асли гап мо роҳ пеш гирифтем ҷониби ҷойи ҳодиса.

Лонаи чуғз

Ронандаи таксӣ моро ба деҳаи Якуми майи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бурда, дарвозаи кабудеро нишон доду гуфт:

-Хонае, ки шумо мекобед, ана ҳамин аст!

Роҳкироро дода аз мошин фаромадем. Дарвоза нимабоз ва аз роғи дар бемалол саҳни ҳавлиро дидан мумкин буд. Хона одияку хоксорона бошад ҳам, ҳавлии хеле тоза рӯбучиншуда аз он дарак медод, ки соҳибхона зани тозакор ва покрӯзгор аст. Бе пушт-пушт ба хонаи бегона даромаданро ба худ эб  надида, “хола” гӯён садо кардем. Лаҳзае пас “лаббай” гӯён, як зани тақрибан 40-45- сола аз дар баромад ва аз рӯйи таомули тоҷикона”биё, бачам, биё” гӯён, моро ба хона  муроот намуд. Азбаски ҳаво бениҳоят гарм буд, хостем дар рӯйи кат нишаста суҳбат ороем, вале апаи Сайрам мақсадамонро фаҳмида моро ба хонаи дарун даровард.

Танҳову гирёнам

-Тоқаю танҳо гиря карда шишта будам, хайрият, ки шумо омадед, ғубори одамро одам мебарорад,-оҳи сард кашид соҳибхона.

-Барои чӣ танҳоед?-Пурсидем кунҷкобона.

Чашмони апаи Сайрам ҳавзи об гаштанду бо садои базӯр шунаво пичиррос зад:

-Пештар дар ҳама маърака бологузар будам, вале аз рӯзе, ки ҳамин ҳодисаи нангин рӯй дод, радди маърака шуда мондам. Ҳамсояҳо “касофатхона” гӯён, аз дарам намедароянд, хешу табор аз мо ор мекунанд, ҳатто апаам, ки дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунад, аз дарам намедарояд. Мабодо ба кӯча обгирӣ ё бо ягон кори дигар бароям, мардум маро дида, даррав дарвозаҳояшонро мепӯшанд ё махавро дидагӣ барин, рӯяшонро мегардонанд. Шавҳари худозадаам коре кард, ки дар назди дӯсту душман сархаму рӯсиёҳ шудем… Хайр, чӣ кор кунам, тақдир ҳамин будааст…

Ҳолати руҳии зан аз он гувоҳӣ медод, ки он чӣ мо шунидем, рост аст. Апаи Сайрамро тасаллӣ дода, хоҳиш кардем, ки ҳодисаро  батафсил нақл кунад.

Шавҳарам панҷ вақт намоз мехонд

Ростӣ, намедонам ҳодисаро чӣ гуна шарҳ диҳам, ақли одам намегирад, ки чӣ тавр падар метавонад бо духтари худаш ин корро кунад… Шавҳарам Маҳмадлатиф  54- сола аст. Вақте ки соли 1983 оиладор шудем, шавҳарам на намоз мехонду на рӯза мегирифт. Бо зораю нола ӯро ба роҳи Худо даровардам. Панҷ вақт намозаш тарк набуд. Бойбача набошад ҳам, дар колхоз кор карда, рӯзамонро мегузаронд. Тракторчӣ, ки буд, кори ҳама ба вай меафтид. Намедонам се соли охир бо кӣ ҳамнишин шуду ӯро чӣ бало зад, ки якбора аз кӯчаи одамгарӣ баромада монд. Масту аласт ба хона омада, ҷангу ҷанҷол мебардошт, маро мезад, баъд фаҳмидам, ки ба корҳои ғайрахлоқӣ ҳам даст мезадааст касофат…

Писарам аз Москва занг заду…

-Шавҳаратон дар ҳолати мастӣ ин корро кардааст ё пештар ҳам нигоҳи бади ӯро ба духтаратон пайхас карда будед?

-Ростӣ, маст ё ҳушёр буданашро намедонам. Ҳамон рӯзи наҳсе, ки ин ҳодиса рӯй дод, сахт монда шуда, дар хонаи дигар дароз кашида будам. Фарши ҳамин хонаамон (хонае, ки мо дар он ҷо суҳбат мекардем) куҳнаю фарсудааст, аз сӯрохиҳои он бемалол таҳхонаро дидан мумкин. Духтари хурдиам барои чӣ ҳоҷате ба хона медарояду садоҳои шубҳанокро мешунавад. Аз сӯрохии фарш ба таҳхона нигариста, духтаракам бо чашмони худаш мебинад, ки падараш бо апааш… Худоё забонам ба такрор кардани он ҳодисаи нангин намегардад…

Апаи Сайрам рӯяшро бо кафи дастонаш пӯшонда боз ба нола кардан даромад. Вай чунон бо алам гиря мекард, ки гӯё ягон одами наздикаш мурда бошад.

Пас аз хеле гириста дилашро холӣ кардан соҳибхона нақлашро идома дода гуфт:

Шарфаи пояшро шунида чашонамро кушодам. Духтарам саросема ба сараш рӯймоли калонеро баста аз дар баромад. Авзои духтарам дар назарам беҷо намуд. Аз пасаш баромада садо кардам: “Ба куҷо меравӣ?” Духтарам “барои либосшӯӣ об мебиёрам” гӯён, сатилеро аз рӯйи ҳавлӣ гирифту ба сӯйи ман ҳатто нимнигоҳе ҳам накарда осемасар аз дар баромад. Ҳамон рӯз аз саҳар дилам худ аз худ сиёҳӣ меовард, аз паси духтарам бодиққат нигариста дидам, ки сатилро дар болои девори ҳамсоя гузошту тозон ба кӯчаи калон баромад ва дар як дам аз назар нопадид гашт. Ҳайрон шудам, ки ин духтар ба куҷо мерафта бошад.

-Шумо пас аз омадани милисаҳо аз ҳодиса дарак ёфтед?

-Не, аз байн 10 дақиқа нагузашта писари калониям аз Маскав занг зад. Овозаш ким-чихел гирифтагӣ ва маъюсу парешон менамуд. Хавотир шуда аз саломатиаш пурсон шудам. Писарам қариб гиря карда гуфт: “Ман хубам очаҷон, магар шумо аз ҳодисаи нангин  хабар надоред?”  Ҳайрон шуда пурсидам, ки чӣ гап шудааст. “Хоҳарам ба прокуратура рафт, то ба кормандони милитсия хабар диҳад, ки падарам ба домони духтари худаш дастдарозӣ мекунад…”

Ин гапро шунида хаёл кардам, ки касе якбора аз сарам як сатил оби ҷӯшомадагӣ рехт. Ҳангу мангам канда: “Э нее?!” гӯён, дар ҷоям шах шуда мондам. Ақлам ҳеҷ бовар намекард, ки шавҳарам бо духтари худаш чунин кори ҳаромро карда бошад. Ҳеҷ намехостам ба ин ҳақиқати талху нангин бовар кунам, вале…

Ғарию зӯрӣ

Гӯшаш аз куҷое бод бурдагӣ барин ҳамин вақт шавҳарам ба рӯйи ҳавлӣ баромад ва «падарлаънат духтаратро ба милисахона равон кардӣ, ки мана бурда суд кунанд” гӯён, сангеро ба сӯям ҳаво дод. Санг ба девор бархӯрда, дубора ба пойи худаш зад. Ғарию зӯрӣ гуфтагӣ барин, шавҳари касофатам маро чунон дашномҳои қабеҳ медод, ки гӯё на вай, балки ман ягон гуноҳи азим содир намуда бошам. Дар айни ҷангу ҷанҷоламон кормандони милиса омаданд ва ба дастонаш завлона заданду либосҳои духтарамро гирифта, таҳхонаро ба навор бардоштанд ва мардакамро пешандоз карда бурданд.

Дар милисахона беҳуш шудам

Вақте дар ин мавзуъ гап мезанам, гӯё дар талвосаи ҷонканӣ афтида бошам, тамоми вуҷудамро ларза фаро мегирад. Вақте ки моро барои пурсиш ба прокуратураи ноҳия  даъват карданд, якбора чизе роҳи гулӯямро маҳкам карду беҳуш шудам. Дар назди прокурори калон низ чанд бор аз ҳуш рафтам. Маро ташхис карда гуфтанд ки бемории ҷоғар (зоб) дорад. Бад будани саломатиамро дида, муфаттишҳо асосан духтари хурдиамро, ки шоҳиди бевоситаи он ҳодисаи нангину гӯшношунид буд, саволборон мекарданд.

-Шавҳаратон чанд сол ҳукм гирифт?

-Росташро гӯям, ин ҳодисаи нангин маро он қадар пакар кард, ки чанд сол гирифтанашро ҳам нафаҳмида мондам. Духтари ҷабрдидаам гуфт, ки падарашро 18 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Фақат як чиз дар ёдам мондааст. Дар сари суд ба ман ишора карда аз шавҳарам  пурсиданд, ки ин занак ба ту чӣ мешавад? Ҷавоб дод, ки оилаам аст. Судя сар ҷумбонда гуфт: «Садқаи ҳамин хел зан шавӣ!»

Аз нангу номус худамро дор кашидам, вале…

Ҳарчанд кӯшиш мекунам, ки худро ба даст бигирам, намешавад. Нангу номус ва бо нафрат ба сӯям нигаристани мардум маро ҷонбезор кардааст. Шавҳарам ин номаъқулиро кардааст, охир айби ман чист?! Аз нигоҳи нафратбори худию бегона ҷонбезор шуда, як рӯз қасди худкушӣ намудам. Ба таҳхона даромада бандро ба гарданам андохта будам, ки аз куҷое келинам пайдо шуда доду фиғон бардошт, ки ҳой  мардак давида биё, ки холам худашро дор кашидааст. Писарам давон ба таҳхона даромада бандро буриду маро аз ҳалқаи дор раҳо кард…

 Духтарамро ба маъюб додам

-Ҳоло духтари ҷабрдидаатон дар куҷост?

-Пас аз ин ҳодиса духтарамро ба як ҷавони маъюб ба шавҳар додам, то ки аз шарми мардум худашро оташ назанад ё ягон балои дигарро ба сар наорад.

-Рост аст, ки шавҳаратон ба номуси ду духтаратон дастдарозӣ мекардааст?

-Не, инаш бофтаи мардум ва гапи дурӯғ аст. Духтари хурдиам пок аст.

-Чаро танҳоед? Магар фарзандонатон шуморо партофта рафтанд?

-Не, як писарам дар Русия кор мекунад. Шавҳарам аз бонк пул қарз гирифта мошин харид, вале кораш омад накард. Мошинро фурӯхта гов харид. Ду рӯз пас гови харидааш ҳаром мурд. Бечора писарам дар мулки мардум кор карда, ҳамон қарзи бонкро канда истодааст. Келинам духтари хуб ва бисёр меҳрубон аст. Бечора ҳамеша кӯшиш мекунад, ки маро аз банди дарду ғаму андуҳ раҳо намояд, вале… Имрӯз дар хонаи падараш маърака буд, келин хост  маро ҳам ҳамроҳаш ба меҳмонӣ барад, вале дилам накашид…

-Чаро нарафтед?  Одамонро дида ғубори дилатонро мебаровардед?

-Маро дида занҳои ба маърака омада боз миш-мишу пичир-пичирро сар мекунанд. Дилам бе ҳамин ҳам хуну зардоб аст, намехоҳам одамон бо неши забонашон захмҳои қалбамро аз нав хуншор намоянд. Насиби дидори шумо будааст, мана бо шумо вохӯрда дарди диламро гуфтаму камтарак сабук шудам. Аз роҳи дур омадаед, шинед, як пиёла чой нӯшида баъд меравед…, -Апаи Сайрам аз рӯйи таомули тоҷикона  дар назди мо дастурхон оростан мехост, вале “ташвиш накашед, кори мо зиёд аст, бояд зудтар ба шаҳр баргардем” гӯён, бо ин зани аз рӯйи кирдори зишти шавҳари худобехабараш ба азоби алим гирифторшуда хайрухуш намудем….

Маҳинаи Давлат

Душанбе-А. Ҷомӣ-Душанбе

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

40 комментарий

  • Бар падари чунин мардони хамромкор лаънат. Дар дунё зан кам аст , ки ба духтари худат дастдарози мекуни. Ягон марди солимакл чунин рафтор намекунад. Ин мард аник ё девона аст ё майхораи аз акл бегона…

  • Чунин мардони лаинро несту нобут кардан даркор ба дасти халк супоранд сангсозу шарманда намуда аз Точикистон бадарга мекунанд.

  • Нишонаи охирзамон мардум, хезед аз хоби гарон. Хари дачол меояд фиску фучур руз ба руз доман пахн мекунад

  • Бепули хамара девона кардай, дигар мардако кори мекардашона худшон намефахман, сари хама вайронай….

  • окибати тарбияи нодуруст хамин аст. Падарашку майзада, охир духтара чи бало задаст, ки таги падвал даромада кати падари худаш зино мекунад. Факат мардака не духтарашро хам сангсор кардан даркор..

  • Дилам ба хамин занаки бечора сухт….. Илохи гури шуи бадмасту духтари ахмакаш сузад!

  • ИН ЧИ ШУРЕСТ КИ ДАР ДАВРИ КАМАР МЕБИНАМ….Гиребон гирифта тавба кардан даркор!!! Худованди мехрубон тамоми мардуми мусалмонро дар панохат нигахдор аз шарри шайтон эмин бигардон худованди бузург бахусус мардуми точикро аз хар бадномиву бадкирдори дар панохат нигах бидор….. Ба чунин касифон худованди бузург дар ин дунёву охират хору залилашон бигардон омин ва раббил оламин.

  • лаънат ба хаминхел падар илохо гурат дар гирад худованди мехрубон хамаро нигахбон бош

  • агар ягон пешгири накунанд точикистон хам ранги давлатхои аарупо харом меша

  • дар хамун аврупоям ин гуно номехкулиро намекунанд.

  • ингуна номахкули ба аврупохам рост намеояд

  • Лаънат ба чунин мард лаънати Худованд мурданад беҳ лаънат

  • ебмра амихели ата ай рузшда худованд моро аз зино кардан хифз бкна

  • падарналат мардак,илохикам туремшико чазоша бтиян алкаши лаина

  • Чаро доду вой накардааст духтараш ича айби хардуяш хама ку дар хона будаанд

  • Худоё ин чи рузет.Гунохи хар яки моро худи Худованд бахшад

  • Лаънати Худо бар ту бод э марди Зинокор,ки ба номуси духтари худ даст зани вазифаи ту асосан ҳифзи номуси уст.
    Аз Зани Ғар, Ғар барояд,чунки устодаш Ғараст
    Дар ин фоҷеаи бад модар ҳам гунаҳкор аст зеро тарбияи фарзанд бар души уст агар вай медонис шавҳари бад бахташ албоши мекунад бояд тарбияро бар души худ гирифта ҷиддӣ мешуд зеро шоҳсутуни хонадон ин мард аст,вақте сутуни хона кирм хурдаву пусидааст хоҳ нохоҳ рузе он бар сари ин хонадон чаппагардон мешавад.
    Инҷо зикр кардан ба мавридаст:
    БОБИ 2. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ ПАДАРУ МОДАРДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД
    Моддаи 6. Баробарии ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модар
    Падару модар, новобаста ба он ки якҷоя ё ҷудо зиндагӣ мекунанд, дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои баробар доранд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Пас аз ин маълум мешавад,ки модар ҳуқуқ дошт ки вақте шавҳари бадбахташ ин гуна аст,яъне (арақнуш аст)боз такрор мекунам,ки уро мебоист дар тарбияи фарзандонаш ҷиддӣ мешуд.
    Пеш аз ҳама мехостам маро хатто нафаҳмед зеро ман ҳеҷ вақт модаронро гунаҳкор намекунам,вале дар рафтори ин зан каме шубҳа кардам намедонам аз бесаводи бошад ё аз бепарвоги нисбати фарзандон дар таълиму тарбияи фарзанд хоҳ писар ё духтар бошад.Ҳанамин мард аввалан аз сабаби тарбияи дуруст надоштанаш ки чихеле муаллиф дар боло қайд намудан,ки модари ҷабрдида вақте бо ин мард хонадор шудан ин мард чи гуна будааст ва ин ба чи оварда расонд худи шумо шоҳид шудед,ки ин марди Худо бехабар ба номуси духтараш даст зад аз ин дида фоҷиаи нангин мешавад магар барои ҳамин боз таъкид мекунам ба таълиму тарбияи фарзанд аҳмияти хоса диҳед ки ҳам дар ин дунё ва ҳам дар он дунё шумо падару модар масъулед.
    Ташаккури зиёд ин фикри ман буд худатон бародарон қазоват кунед.

  • Хохари мехрубон Махина, ан хамноми Шумо. Шуморо мебинем, ки дар саратон сатр доред, вале хама маколахоятон пур аз фахшу фучур аст. Магар Шумо факултаи журналистикаро ба хаин хотир хондед. Дар кучое, чизе ки шунидед аз фахшу зинокори зуд ба хамон чо меравед ва ин хонаводаи пур аз аламу дардро назди ардум ба маъраз мегузоред. Аз Хисор ба А.Чоми, боз гуш ба кимор бошед, ки дар кучо чунин ходисаи нагин аст, ба ончо шитобед. Хайфи сатри саратон, Шумо занхоро хифзгар бошед ва ифати зани точикро баланд бардоред. Ин маколаро садхо тан дар хорича мехоанд, чи бахо медиханд. Ба ягон мавзуъхои дигар даст занед, наход дигар мавзуъ намонда бошад. Хамин газетаи Оила пур аз хамин гуна маколахои фиску фучур аст, бас астбоз дар сомона сар кардед. Махина ягон маколаи халоли Шуморо нахондем, ба рости… ба чуз ин маколахои дилбехузуркунанда………Агар эхтиром хонандагонро ба чо оре, пас ин назари маро нашр кунед. Ба он марди аблах бошад, чазои сангин ва зиндагии пур аз дарду ранч орзу карда, ба хамсару фарзанонаш сабру тахамул мехохем!!

  • Махина! Ту хукук надори,, ки ба шахсияти як нафар расидаги куни! Шояд ту либоси нимбарахна дар тан дори!Лекин ман ба сару либос ва афту андомат кор надорам ва ба эроди ту чавоб мегуям! Аз харфчиниат маълум аст, ки забондони эхсосоти хасти! Хулоса, Оиларо солхои тулонист мехонам, дар аввал фикр мекардам, ки хама сохтаву хаёлоти рузноманигор аст, вале махз маколахои Махина тавонист исбот созад, ки дар хаёти мо хама ходисахо мешавад. Як мисоли оди ба ту Махинаи танкидгар! Тагпушат тар ё ифсол шавад, онро мешуи? баданат араки бадбуй кунад, ба собун мешуи? муи саратро барои чилодор шудан ба шампу мешуи ё чуноне ки хасти мегарди? Албатта мешуи! Чунки баданатро аз ифлосию бадбуихо тоза кардан мехохи. Журналист ана хамин ифлосихои чомеаро ба собун нею бо сухан мешуяд. Агар ин нопокию ифлосихоро руи варак наорад, чомеаи мо дар кадом сатх карор мегирад. Ту як бор интернет дарою нуктаи кофтукобро пахш кун, ана мебини, ки дар чахон чи кадар касофихоро журналистон руи об баровардаанд. Агар падари точик чунин разилу пастфитрат бошад, мо уро дастгири кунем? Гунохашро пушонем? Гуем, ки у бехтари падар аст ва ин фосик аз таърифи мо халоват бурда, хамаи духтаронашро тачовуз кунад? Ту хеле беаклу беандеша будаи!!!!!! Мо мардуми одием ва наметавонем, ки бевосита худамон аз хонаи чабрдида рафта пурсем. Махз бо кумаки онхо (журналистон) хакикати талхро мехонему мефахмем. Чандин маротиба бо Махинаи Давлат тарики телефон сухбат кардааму хуб мешиносам, вале у маро гоибона шояд шиносад. Шояд Махина холо ин сухани шуморо нахондааст ва аминам, ки хонад хомуш находа нишаст. Агар саволхои маро хонди, пас чавоб бигу ва хатман боз чавоб хохам гуфт!

  • Хоҳари азиз, шумо гумон мекунед, ки пинҳон кардани ҳамаи он даҳшате, ки ҳамарӯза дар ҳазорон оилаҳои тоҷик рух медиҳад, мо метавонем обрӯву нуфузи миллати худро покиза нигоҳ дорем? Магар ҳамаи ҳамин чашмпӯшиданҳо набуд, ки мардуми мо ба ҳамин дараҷа расиданд? Шумо шукр гӯед, ки Маҳинаи Давлат ҳамаи он чизеро, ки мебинаду мешунавад, ҳамаро дар сурати асл рӯйи коғаз намеорад. Агар он даҳшатеро, ки ин духтар бо гӯши худ мешунавад, бо қалам тасвир намояд, ана он вақт ангушти ҳайрат мегазед.Дар мавриди сатр гуфтаниам,ки шумо ҳақ надоред чунин қабеҳона сухан кунед Маҳинаи Давлат ҳарчанд сараш пӯшида бошад ҳам чашму гӯшаш боз аст ва аз нигоштани ҳақиқат намеҳаросад

  • Хонум Махинаи хонанда. Ман фикр мекунам, ки шумо яке аз тоифазанхои хастед, ки Махина назар ба хавлии ифлосу макони шумо намуда, чизеро руи чоп овардааст, ки ин кадар чохилона, беаклона ва бевичдонона харза зади ва номи рузноманигори каламаш хакро паст зади. Хуб кард, ки аз руи шумо маколахо менависад ва ба мардум дарак медихад, ки аз тубарин бехудоён ибрат гиранду нисбат ба зиндаги ва оилаву хаёт эхтиёт бошанд. Вой бар холи ту духтарак. Инкадар аламат намудааст, ки аз ки касос гирифтанатро намедони вале боварии комил дорам, ки шумо паразитхои беимонро чунин духтаре бо номи Махинаи Давлат покиза аз хайёту чамияти одами месозад

  • Фарахнози Рафи ва Махинаи хонанда!!!Ма хитоб ба хардуи шумо мекунам 1-Махинаи хонанда:Кори ту чи ки Махинаи Давлат сатр мепушад намепушад!?
    2-Ту агар сатр нахохи напуш ягон кас сари рохи туро гирифтаст магар?
    3-Хачми дахонат гап зан!!!
    Чун,ки лукмаи калон дахонатро надарона!!!!
    Ту чи кор дори ба рузноманигоро…туро садкаи як харфи,,МАХИНАИ ДАВЛАТ,,кунад.
    Хуб бе сифат духтар будай))))

  • Фарахнози рафи:Ту да кадом китобхои чапанаат))хонди,ки Рузноманигор хукук надоштааст ходисаро руйи когаз овардан???
    Ту хам ранги хамон Махинаи хонандае,ки дар боло афсонаашро дар бораи сатри,,Махинаи ДАВЛАТ,,накл кард агар як тафтиши чидди дида бароянто кафои пойтон нам доранд…

  • Аввал бубин чои худ, баъд бимон пои худ Махина! Пеш за хафтаномаи «Оила»-ро ном гирифтан аввал дахонатро бо се намуд хамираи дандоншуи шуй. Кадом маколаи Хафтаномаи «Оила»-ро хонди ки фахшу фучур будааст? Баъдан ту ба сатри Махинаи Давлат чи кор дори? хубтараш аввал саводатро пурратар кун! Бесавод!

  • Фаросат меёбед, ки чунин маколахои хонданбобро ба мо хонандагон менависед. Саломат бошед!

  • Ин Махинаи хонанда дахонаша беапан ба гушою…ба хама…чояш якчи гап мезадай))
    Махинаи хонанда кати автори макола ,,АРЕНА,,ташкил карданиам гуй.)))

  • Рахмат ба махинаи давлат ки ингуна маколаро чоп мекунад, ки мардум эхтиет бошед ингуна гапу хабар аст ба худованд панох биеред имони хамаи моро мустахкам бигардонад худованд ва хамаи моро ба рохи ислом рахнамои бинамояд

  • Рахмат ба МАХИНА ки хамихел вокяхоро менависад, ба дигар модарон дарс мешавад,

  • лаънат бар ту борин падар хеч аклам намегирад ки падари худаш хамин гуна коро ба духтараш раво бинад ба ин гунашахсон хукми катл додан даркор то барои дигарон ибрат шавад

  • Зиндаги ин худ Пур Аз дахшат хаст бояд ки чи кадаре ки метавони домони худатро покиза нигох дориву аз дигарон ибрат бигири!

  • Агар гунохеро диди тавба кун. Номардеро диди андеша кун нокораеро диди ибрат бигир.

  • Бирав зи таҷрибай рузгор баҳра бигир Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд. Раҳмат ба ин гуна журналис ки аз руйдоди ин гуна ҳодисаҳо ба мардум хабар медиҳад ва мардум аз оқибати шаробнуши бори дигар огаҳ мешаванд.

  • Е марди фосик чихел баруи фарзандат менигари баъди турма зами кафа ту фуру рави

  • Дар байни мардум як гуфтор аст,ага лулиро ба зани гири хафт пуштат хамром мешад .
    Дар кабилаи чугиен,як бародар хохарашро дастдарози мекунад.
    Ин кавм аз хамон вакт ба лаънати Худо гирифтор шудааст,зеро дар тамоми чахон парешону овораю талбандаант .
    Лекин ин падар ки точик аст аз лулиенам гузаронд .

  • Худованд аз тамоми корҳои бад моро дар паноҳи худаш нигоҳ дорад. Бародарон ва хоҳарони азиз ҳамеша дар ҳақи якдигар дуогу бошем, ки Худованди меҳрубон ҳеҷ ягон марду зани тоҷикро ба ин роҳи бад набарад ва Худованд барои ҳамаи мо тавфиқу ҳидоятро насиб гардонад. Ё Саттор, гуноҳони ҳамаи моро сатр бигардон, ки мо бандаҳои гунакори даргоҳи ту ҳастем ва умед ба раҳмати ту дорем, эй бахшандатарини бахшояндаҳо, бибахш гуноҳони мо.

  • Эй Худо ин чи рузест. Ин нишонаи қиёмат аст. Эй мардум аз Худо битарсед. Худованд бузург аст ва илоҳо ҳамаи моро дар паноҳаш эмин нигоҳ жлрад.

Leave a Reply