Дар шумораи навбатии «Оила»

ДИН ВА ҶОМЕА, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Ғайрат сари Шаҳнозаро аз танаш ҷудо кард

Байнашон чӣ гап шуд, намедонам, вале як вақт садои нолаи ҷонкоҳи модарам ба гӯшамон расид, ки номи акоямро гирифта зорӣ мекард: “Азизбек, Азизбек, биёед, ки ҳозир додот маро мекушад…”

Дукаса хеле кӯшиш кардем, дарро кушода натавонистем. Баъд овози модарам якбора хомӯш шуд…

Пас аз чанд лаҳза падарам дари хонаи хоби моро кушода даромад. Сару либосаш пур аз хун буд…

(Давомаш дар ҳафтаномаи «Оила»)

                  3-талоқ барои ИМО

Ранги шавҳарам пахта барин канд ва лабашро газида пурсид:
-Занак, росташро гӯй, ба ғайр аз ман бо телефон боз ҳамроҳи кӣ гап мезанӣ?
Бо шунидани ин савол ба пӯстам кайк даромада бошад ҳам, сир бой надода, ҷавоб додам:

-Бо ҳеҷ кас дадаҷонаш! Ба ман ғайри шумо дигар кӣ дорам?

-Ҳмм, бо ҳеҷ кас гап намезанам мегӯӣ-а?! Ҳозир мо инро месанҷем,-инро гуфта шавҳарам аз нав ИМО-ро даргиронд.

Баробари ба кор даромадани ИМО аз ошиқи хираи ман паёмак омад: “Шута дида моро фаромӯш кардӣ, куклача? Шуйи лохут равад, баъд ман тура мехурум, асалак…”

Бо хондани ин паёмаки хун ба сари шавҳарам зад…

(Давомаш дар ҳафтаномаи «Оила»)

                     Кампири 70- сола ҳомила шуд

Аслан ӯ бо сабаби дарди по ва сарчархзанӣ ба табибон муроҷиат намуда буд, вале ҳангоми ташхис маълум гашт, ки ин кампири пояш ба лаби гӯр расида ҳомиладор аст ва тифли батнаш аллакай шашмоҳа шудааст. Табибон ба чашмони худ бовар намекарданд, вале УЗИ-и такрорӣ ҳомиладор будани кампирро тасдиқ кард…

(Давомаш дар ҳафтаномаи «Оила»)

Дарди дили гадобача

Дар назари аввал гадоӣ кори осон менамояд, вале рӯзи сиёҳи мо гадоҳоро фақат худамон медонему Худованди болои сар. Як кас чанд танга хайр кунад, даҳ каси дигар туро таҳқир карда ба хорию зорӣ аз наздаш меронад. Ҳолатҳое мешаванд, ки баъзе нокасон ба дасти мо, гадоҳо туф мекунад. Тобу тоқати зиндагии сангин ва азоби гадоиро накарда худамро дор кашидам. Нисфирӯзӣ ба таҳхона даромада, болои курсӣ баромада бандро ба сутун бастам ва ҳалқаи дорро ба гарданам андохта бо поям курсиро тела додам…

(Давомаш дар ҳафтаномаи «Оила»)

Падарам мурду модарам фасонча шуд

Як занаки калон айбу шармро надониста, то нисфи шаб тариқи интернет бо шиносу ношинос чақ-чақ мекунад. Чанд бор гуфтам, ки оча, ҳамин корҳо ба шумо намезебанд, беҳтараш намоз хонед ва аз Худованд тавфиқу имон талабед. Ту ба ман ақл нишон медиҳӣ гӯён, модарам маро чунон дуоҳои бад кард, ки ногуфтанӣ. Қариб монда буд, ки оқам кунад. Дигар занҳо бо боло рафтани синну солашон солор ва боақлу бамаънӣ шаванд, модари ман торафт девона шуда истодааст…

(Давомаш дар ҳафтаномаи «Оила»)

Куштори келин барои таппак

“Гирист, ки дигар ба хонаи шавҳараш намеравад, чунки хусураш ба ӯ таҳдиди куштан мекунад. Бо шавҳараш муносибати хуб дошт, аз ҳамин хотир гуфтам, ки ба таҳдиди мӯйсафед аҳамият надода зиндагиашро идома диҳад. Нахостем, ки ӯро хонавайрон кунем, вале гуфтаи хоҳарам рост баромад”, -мегӯяд бо алам бародари Шаҳнозаи ғурамарг…

(Давомаш дар ҳафтаномаи «Оила»)

Ишқи шоҳзода ва асрори зиндагии Толга Сариташ

Дар экран ин ҳунарманди машҳури турк сад чеҳра дорад, имрӯз авбош мешавад, фардо шоҳзода, рӯзи дигар Маҷнун, аммо дар зиндагӣ якрӯю якдил ва бисёр хушчақчақ аст.

Аввалҳо Толга аз худ бачаи бисёр шармгин сохта, мегуфт касеро дӯст намедорад, вале рози ин ситораи синамо аз чашми журналистони кунҷкоб пинҳон намонд. Вақте ки расонаҳо аксҳои ошиқонаи Толгаро бо ҳунарпешаи ҷавони ба мисли фаришта зебо Бушра Пекин чоп карданд, роҳи дигари инкор намудани ҳақиқатро наёфта, ӯ ночор иқрор шуд, ки…

(Давомаш дар ҳафтаномаи «Оила»)

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply