Дар Тюмен 57 муҳоҷири тоҷик дастгир шуд

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Пулиси вилояти Тюмени Русия аз боздошти як автобус бо 57 муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон хабар дод.

Ин муҳоҷирон замоне дастгир шуданд, ки бо анҷоми мавсими мардикорӣ аз Русия ба Ватан бармегаштанд. Пулис ба зидди 49 шаҳрванди Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода, 5 нафари онҳоро аз Русия бидуни ҳаққи бозгашт берун (выдворение) мекунанд.

Маркази матбуоти раёсати корҳои дохилии вилояти Тюмени Русия рӯзи 12 сентябр бо нашри як видео хабар дод, ки дар ҷараёни як рейд автобуси мусофирбар бо 57 шаҳрванди хориҷиро дастгир кардаанд. Дар ин идора ба сомонаи «Ахбор” гуфтанд, ки ҳамаи боздоштшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Пулис мегӯяд, дар ҷараёни таҳқиқи асноди мусофирони автобус маълум шуд, ки 35 нафари онҳо қонунҳои муҳоҷирати Русияро вайрон карда, ҳаққи будубош дар қаламрави вилояти Тюменро надоштанд. Аксари ин муҳоҷирон дар маркази вилоят – шаҳри Тюмен чанд моҳ боз кору зиндагӣ мекардаанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти раёсати корҳои дохилии вилояти Тюмен, мақомот ба зидди 49 муҳоҷири тоҷик протоколи маъмурӣ тартиб дода, 5 нафарро бо маҳрум кардан аз ҳаққи бозгашт ба Русия аз қаламрави ин кишвар берун (выдворение) мекунанд.

Шаҳру вилояти Тюмен аз маконҳои умдаи кору зиндагӣ барои муҳоҷирони тоҷик ба шумор меравад. Дар мавсими тирамоҳ, ки ҳавои Тюмен рӯ ба сардӣ меорад, бисёре аз муҳоҷирони тоҷик ба Ватан бармегарданд.

Азбаски дар ин шабурӯзи бозгашти муҳоҷирон нархи чиптаи ҳавопаймоҳо байни Русияву Тоҷикистон ба осмон дакка хӯрдааст, бисёрии муҳоҷирон маҷбуранд роҳи арзонтар, вале хатараш бештари заминиро барои бозгашт ба Тоҷикистон интихоб кунанд.

Як хатари роҳи заминӣ, ба гуфтаи муҳоҷирон, тафтишҳои пайдарпайи пулис аст, ки ҳар кадом мехоҳад пеш аз бозгашт як бори дигар кисаи ин мардикорони бечораро битаконад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply