Дардҳои ниҳони Ғарибшо (Видео)

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Ҳунарманди шинохтаи тоҷик Бахтиёр Раҳимов, ки мухлисон ӯро бештар бо номи Ғарибшо мешиносанд, дар барномаи «Ногуфтаҳо”-и Орзу Исоев қиссаҳои пурдардеро аз зиндагиаш нақл кардааст. Бахтиёр мегӯяд, модараш бо азобу машаққат 6 фарзанди худро ба воя расонд, вале вақте фарзандонаш рӯи кор шуданд, умр фурсаташ надод, ки дар сояи давлати фарзандон даме роҳат кунад…

Орзу Исоев дар оғози барномаи «Ногуфтаҳо” аз Федерико Фелинни, коргардони шӯҳратёри итолиёвӣ нақли қавл мекунад, ки гуфтааст, тамошобинон хеле кам ба ин меандешанд, ки ҳунармандони ҳаҷвгӯ (комик) чӣ ниқоберо ба рӯ кашида, пеши онҳо намои ҳунар мекунанд ва касе намедонад, ки дар пушти ин чеҳраи хандони ин ҳунарманд чӣ қадар ғаму ғусса нуҳуфтааст.

Бахтиёр Раҳимов, ҳунарманди шинохтаи тоҷик дар ин барнома қисса кард, ки ӯву бародаронашро, ки 6 нафар буданд, модарашон тани танҳо ба воя расондааст.

Падари Бахтиёр аз модари онҳо ҷудо шуда, дигар кумаке ба онҳо намерасонд, алимент ҳам намесупурд. Бахтиёр мегӯяд, ки ҳамагӣ як маротиба ёд дорад, ки дар синфи ду ё се мехонд, падараш ба вай як мӯза тӯҳфа карда буд, ки он ҳам андозааш хурд баромад ва пояш дар он ягона тӯҳфаи падар нагунҷид.

Бахтиёр мегӯяд: «Бе падар зиндагӣ кардан мумкин будааст, вале бе модар хеле мушкил будааст…”

Бахтиёр нақл мекунад, ки модараш дар боғчаи кӯдакон ва сипас дар ферма ба ҳайси говҷӯш кор мекард ва зиндагиашон хеле фақирона ва бо азоб буд: «Субҳ соати чор мехесту говҷӯшӣ мерафт. Ёдам ҳаст, ки боре гов сарашро кафонду хуншор кард. Чӣ қадар азоб кашид, чӣ қадар машаққат буд барояш, то моро ба воя бирасонад.”

Ӯ мегӯяд, дар хона намаде доштанд, ки аз бобои модариаш ба мерос монда буд ва ӯ дар рӯи ҳамин намад ба дунё омаду ба воя расид: «То ҳол нақшу нигори он намад ва ранги сурхаш дар ёдам аст. Охир, ними зиндагии ман дар рӯи ҳамин намад гузашт.”

Бахтиёр мегӯяд, вақте ба воя расиду ба хидмати ҳарбӣ даъваташ карданд, модараш аз ӯ хостааст, ки бираву аз падарат дуо бигир: «Пеш аз ин агар дар кӯча медидам, салом медодем ба якдигару гузашта мерафтем. Вақте модарам гуфт, ки бираву дуои падаратро бигир, рафтам, дуояшро гирифтам, чанд рубли шӯравӣ низ дар ҷайбам андохт, дар ёд дорам.”

Бахтиёр Раҳимов мегӯяд, падараш ӯро ба назди худ замоне даъват кард, ки дар бемористон дар бистари беморӣ хобид: «Модарам фармуд, ки биравам. Рафтам, аёдаташ кардам. Вале меҳр набуд, чунки меҳр дар дилу дар чашм мешавад. Ман меҳри модарро дидам, азобу машаққатҳои модарро дидам, меҳри падарро надидам».

Яъне падарро дӯст дошта натавонистед?

Вақте ба воя расидам, вақте бо падар муносибатамон барқарор шуд, як муддат дӯсташ доштам, вале як муддати кӯтоҳ, чунки аз олам чашм пӯшид.

Агар муҳаббати шумо ба падару модарро чен кунем, ба кадомаш бештар аст.

Вақте одам падар ё модарро гум кунад, ба ӯ мегӯянд ятим. Вақте модарам буду падар надоштам, ман эҳсоси ятимӣ намекардам. Ман вақте худро ятим ҳис кардам, ки модарамро аз даст додам.

Бахтиёр аз он афсӯс мехӯрад, ки модараш 6 фарзандро бо азоб ба воя расонд, вале умр фурсаташ надод, ки дар сояи давлати фарсандон даме роҳат кунад.

Бахтиёр Раҳимов аз ҳунармандони ҳаҷвгӯи муосири тоҷик аст, ки дар гуруҳи «Ғарибшо” ҳамроҳ бо як идда аз ҳунармандони машҳур, аз ҷумла Ташрифи Халил фаъолият дорад. Ӯ мегӯяд, дар Душанбе то ҳол дар манзили иҷора зиндагӣ мекунад.

Бо вуҷуди 26 соли ҳунарнамоӣ, Бахтиёр Раҳимов то имрӯз ягон унвони расмӣ надоштааст. Ба ҷуз аз се нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон.” Ӯ мегӯяд, метарсад ки агар боз барои ҷоиза пешниҳод кунад, бори дигар ба ӯ ҳамин нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанг”-ро хоҳанд дод.

 Барномаи «Ногуфтаҳо”-и Орзу Исоев, ки яке аз пуртамошобинтарин барномаҳо дар телевизионҳои Тоҷикистон буд, дар соли 2016 бо супориши «боло” баста шуд. «Ногуфтаҳо» бо Бахтиёр Раҳимов низ дар телевизион нашр нашуд…

Бознашр аз Ахбор 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Дардҳои ниҳони Ғарибшо (Видео)

  • Хайрият хамин интернет хасту хамин гуна барномахои хубу диданиро тамошо мекунем. Ин Пиров телвезионро аз будаш бадтар кард…. чаро ин гуна барномазо ба симо рох намеебанд? Орзу Исоев бояд раи ягон шабака бошад. Ман хайронам чаро раиси кумитаи радио ва телевезион актер аст? Раиси Сафина бошад…. Дар Точикистон журналист нест?!

Leave a Reply