Даргузашти фотеҳи қуллаҳои баланд

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Санаи 1 январи соли 2019, вақте ки одамон пас аз пешвозгирии Соли нав нафас рост мекарданд, собиқадори варзиши тоҷик Шайдулло Исоеви 84-сола бар асари беморӣ нафаси вопасин кашид. Тоҷикистон дар симои ин абармарди варзиш талафоти калон дод.
Шайдулло Исоев соли 1957 Техникуми тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанберо бо дипломи аъло, соли 1967 факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанберо хатм кардааст. Аз соли 1957 то соли 1973 узви дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ оид ба варзиши сабук, солҳои 1961-1967 маллими тарбияи ҷисмонӣ дар мактаб-интернати ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Шайдулло Исоев дар мусобиқаҳои гуногуни СССР иштирок карда, сазовори 5 медали тилло, 23 медали нуқра ва зиёда аз 100 медали сарисинагӣ гардидааст. Ин собиқадори варзиши сабук қуллаҳои баланди варзиши сабукро ҳамеша бо сарбаландӣ, мардона фатҳ мекард. Шогирдонаш –қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаров, Акмал Амиров, Сергей Забавский, Олга Герасимова, Меҳрангез Назарова, Дилшода Раҳмонова парчамбардори Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ гардидаанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply