Даргузашти профессор Раҳматулло Раҳмонов

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Раҳматулло Раҳмонов, ноиби президенти Академияи илмҳои тиб ва мудири кафедраи неврология дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, субҳи 11-уми июл ба асари сактаи қалбӣ аз дунё даргузашт.

Раҳматулло Раҳмонов бародари Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар масоили робита бо ҷомеа мебошад. Маросими ҷанозаи Раҳматулло Раҳмонов нисфирӯзии имрӯз, 11-уми июл дар деҳаи Зарбдори шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Аҳли қалами  ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аз марги Раҳматулло Раҳмонов андуҳгин буда, ба оилаи Раҳмонзодаҳо изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият менамоянд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply