Дархости Рустами Эмомалӣ

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дархост намуд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, дархости мазкур бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли 2018 ба ин Агентӣ пешниҳод шудааст.

Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мубориза бо коорупсияро яке аз самтҳои мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат номида, аз ҷумла дар Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат чунин баён доштанд: «Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳими фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад».

Ёдовар мешавем, ки мубориза бо коррупсия яке аз самтҳои муҳими фаъолияти давлату Ҳукумати мамлакат буда, дар ин самт Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул ва  мавриди амал қарор дода шудаанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply