Таваҷҷӯҳи занон ба соҳибкорӣ меафзояд

НТМ, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА, ХАТЛОН

29-уми майи соли 2018 бо ташабуси Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи  «Баҳодиҳии эҳтиёҷоти донишу малака ва шуғли занон дар соҳибкорӣ ва баланд бардоштани иқтидор барои пешбурди соҳибкории занон дар ноҳияҳои мақсадноки Тоҷикистон» мизи гирд баргузор гардид.

Дар ҳамоиш намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои кишвар, роҳбарони ташилотҳои ҷамъиятӣ, соҳибкорзанон ва дигар намояндагони расмӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.

Роҳбари Ассоситасияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон Малика Мирзобаҳодурова зимни суханронии хеш қайд намуд, ки мақсади лоиҳаи мазкур паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар кардани зиндагии мардум тариқи пешбурди савдо ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо аст. Мақсади асосии он мусоидат намудан ба рушди захираҳои фардӣ ба воситаи савдо бо дарназардошти маҷмӯи вазифаҳои баробарии гендерӣ, таъмини ҳуқуқҳои гурӯҳои осебпазирӣ ҷомеа ва устувории экологӣ мебошад.

Ӯ гуфт, ки онҳо ҳамаи фаъолиятҳои худро дар ҳамкории зич бо шарикони рушд амалӣ менамояд ва яке аз ҳамкорони онҳо ин Барномаи рушди СММ мебошад, ки солҳои пеш ҳам барои муайян намудани мушкилоти занони соҳибкор ва барои баланд бардоштани иқтидори онҳо кӯмак намуда буд.

Намояндаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Солеҳзода қайд намуд, ки яке аз ҳадафҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи авмоли давлатӣ ин дастгирии соҳибкорон аст ва дар ин самт онҳо кӯшиш намуда истодаанд, ки ба қонунгузории соҳибкорӣ сабукиҳо пешбинӣ намоянд. Ба гуфтаи ӯ, аз ҳамин сабаб дар сомонаи www.ijozat.tj ҳамаи санадҳои ҳуқуқии соҳаи дастгирии соҳибкорӣ ва пешбурди низоми иҷозатномадиҳӣ ҷой дода шудааст, ки соҳибкорон метавонанд озодона аз он истифода намоянд. Бевосита ҳар як соҳибкор бояд пеш ҳама дониш ва малакаи хуби соҳавӣ дошта бошад ва дар баробари ин аз ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худ огоҳ бошад.

Гуфта шуд, ки лоиҳаи Баҳодиҳии эҳтиёҷоти донишу малака ва шуғли занон дар соҳибкорӣ ва баланд бардоштани иқтидор барои пешбурди соҳибкории занон дар ноҳияҳои мақсадноки Тоҷикистон аз чор зина иборат мебошад:

— муайян намудани эҳтиёҷоти гурӯҳҳои мақсаднок тариқи баргузории вохӯриҳо;

— дар асоси таҷлили ин вохӯриҳо, таҷлили барнормаи омӯзишӣ;

— ҷалби як қатор бизнес-мушовирон барои муҳокима;

— омода намудани чор бизнес-нақша ва аз ҷониби шарикон амалӣ намудани онҳо.

Баъдан, қисми аввали лоиҳа, ки аз вохӯриҳо бо занони соҳибкор иборат буд, ба ҳозирин намоиш дода шуда, қайд гардид, ки дар ин вохӯриҳо 130 зани соҳибкор фаъолона ширкат намуда, оид ба дастгирӣ, мушкилот, муаммо ва роҳҳои ҳалли мушкилоти вобаста ба соҳибкорӣ маълумот доданд. Ҳар як самти фаъолияти соҳибкорӣ дар диаграмаҳои алоҳида намоиш дода шуда, қайд гардид, ки дар баробари дигар мушкилиҳо соҳибкорзанон доир ба масъалаи андозу андозбандӣ низ маълумоти кофӣ надоранд.

Қайд гардид, ки дар оянда Ассоситасияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон ният дорад, ки бо намояндагони мақомоти андоз оид ба масъалаҳои андоз ва андозбандӣ мизҳои гирд ташкил намуда, занон ва бонувони соҳибкорро дар мавриди андоз ва андозбандӣ огоҳ намоянд.

Қайд гардид, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки супоридани андоз қарзи шаҳрвандии ӯ аст. Аммо, мутаассифона, дар бештари ҳолатҳо занони соҳибкор намедонанд, ки чӣ гуна андоз ва кадом намуди андозҳоро пардохт намоянд.

Дар охир, фикру мулоҳизаи соҳибкорзанон оид ба масъалаи оғоз намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар паҳлӯҳои вобаста ба он шинида шуд.

Рустам Азимӣ


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply