Дастгиршавии дуздону ғоратгарон

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ХАТЛОН, ҲУҚУҚ

Дуздии гуруҳӣ ошкор гардид

Дуздӣ — кирдори ношоистаи шахсонест, ки барои ба даст овардани манфиати шахсӣ ба дигарон зарари маънавию равонӣ ва иқтисодӣ мерасонанд.
Ин ашхос бо мақсади ба даст овардани пули муфт ва ҳирси бе заҳмат соҳиб шудан ба маблағи дигарон даст ба кирдорҳои хилофи қонун мезананд.
Зимни пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Левакант 5-нафар аз сокинони шаҳри мазкур бо гумони даст доштан дар 10-ҳолати дуздии моликияти шаҳрвандон дастгир карда шуданд.

Инҳо Пирматов Ёқуб, соли таваллудаш 1998, пеш 2 маротиба ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст, Расулов Файзалӣ, соли таваллудаш 1999, Нуриддинов Сайвалӣ, соли таваллудаш 1991, Шоев Ғоибназар, соли таваллудаш 1993 ва Алимардонов Сайфиддин, соли таваллудаш 2000-ум мебошанд.
Дар рафти бардани як қатор корҳои тафтишотӣ маълум гардид, ки ин нафарон бо маслиҳати пешакӣ аз ҳудуди шаҳри Левакант ба дуздии хонаҳои шаҳрвандон ва масҷидҳо даст дошта, маблағҳои пулӣ, камераҳои мушоҳидавии сабткунанда, телефонҳои мобилӣ, телевизорҳо, компютерҳо, гармидиҳандаҳои барқӣ ва ашёҳои тилоию нуқрагиро азони худ карда, малағҳои ба даст овардаашонро дар марказҳои дилхушӣ сарф намудаанд.

Баъд аз дастгир шудани нафарони гумонбар қисме аз ашёҳои рабудашуда, ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд. Айни замон гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.

Телефони зани пиронсолро дуздиданд

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 73-солаи сокини деҳаи Ситораи Сурхи шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2018 шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Галакси-8”, ки арзишаш 20 000-рубли русиро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 25-солаи сокини деҳаи Бузбити шаҳри Ваҳдат, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ғоратгарон дастгир шуданд

Ҷавонон ва масъалаҳои алоқаманд ба ин қишри ҷомеа дар меҳвари асосии сиёсати Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои фаъолияти озодона ва комгор гаштани ҷавонон дар ҳама соҳаҳои рушди кишвар шароити васеъ фароҳам оварда шудааст.

Мутаассифона бо вуҷуди ин ҳама ғамхориҳои давлату Ҳукумат рафтори бархе аз ҷавонон аз мадди назари волидайн ва атрофиён дур монда, ба он оварда мерасонад, ки ин тоифа даст ба кирдорҳои хилофи қонун зада, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар мегузоранд.
Ба ШВКД дар ноҳияи Панҷ Саидмасъуди Саиди Қодириён, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи мазкур бо ариза муроҷиат намуд, ки шаби 21-уми январи соли ҷорӣ дар маркази шаҳраки Панҷ 2-нафар шахсони номаълум ӯро шадидан латӯкуб карда, ошкоро аз ҷайби шимаш маблағи 3 ҳазор сомониро тасарруф намуда, аз ҷой ҳодиса ғайб задаанд.

Бо таъсис додани гурӯҳи фаврию ҷустуҷӯӣ ва фаъолияти хубу малакаи касбии кормандони милитсия ва коркардҳои оперативӣ гумонбарони ин ҷиноят дар муддати кӯтоҳ дастгир карда шуданд.
Инҳо Мусулмонқулов Ҷумахон ва Қосимов Даврон, соли таваллудашашон 1999, сокинони шаҳраки Панҷ мебошанд, ки дар даст доштанашон ба ин ҷиноят ба пуррагӣ иқрор шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса дар шӯъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Панҷ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Офоқ Қодириён


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply