Датгиршавии оилаи чорводуздон

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Бино ба маълумоти ВКД, ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 60-солаи сокини ҷамоати деҳоти К.Сайфуддинови ноҳияи Панҷ муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2017, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз лаби канали обгузари назди ҳавлии истиқоматиаш 2-сар чорвои калони шохдорро, ки арзишашон 6.000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 46-сола, ки пеш бо моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамсараш, зани 38-сола ва писараш ноболиғи 15-солаи сокинони ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Тафтишот муайян намуд, ки гумонбари ҷинояти дуздӣ, марди 46-солаи сокини ноҳияи Панҷ, ҳамчунин моҳи августи соли 2017, бо тариқи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқонии деҳоти Пахтакори ноҳияи Панҷ 1-сар чорвои калони шохдорро, ки ба марди 35-солаи сокини ҳамин ноҳия тааллуқ дошта, арзишаш 2.800-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply