• Mardon
  • 12.04.2019
  • 2

Даъвати уламои исломӣ барои хизмати аскарӣ

Имом-хатибони масоҷиди Душанбе падару модари ҷавонон даъват карданд, ки фарзандони худро барои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ ташвиқ кунанд.

Аз ҷумла, рӯзи 12 апрел дар намози ҷумъа дар масҷиди Қаламиршикори пойтахт хизмати аскарӣ ва муҳофизат аз марзу буми ватан барои ҳар ҷавони мусалмон фарз унвон шуд.

Ин гуна даъватҳо дар паси эълони мавсими навбатии ҷалби ҷавонон ба хизмати аскарӣ садо медиҳад.

Зимнан, ду рӯзе қабл Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон зимни пахши як изҳорот аз бархе падару модарон интиқод кардааст, ки барои аз хизмати сарбозӣ сарпечӣ кардани фарзандонашон мусоидат мекунанд.

Дар ин изҳорот сарпечӣ аз хизмати Ватан барои мусалмонон гуноҳ арзёбӣ шудааст.

“Сарпечӣ аз иҷрои қарзи муқаддас-ҳимояти Ватан гуноҳи кабира (вазнин) буда, афроде, ки барои содир шудани чунин гуноҳ кумак мекунанд, онҳо низ гунаҳкор хоҳанд буд”-омадааст дар изҳорот.

1 апрел даъвати баҳорӣ ба сафҳои Артиши миллии Тоҷикистон шурӯъ шуда ва то 31 май идома хоҳад кард.

Тибқи фармони Президенти Тоҷикистон, ба хизмати сарбозӣ ҷавонмардони аз 18 то 27-сола, ки ҳаққи ба таъвиқ андохтан ё озодшавӣ аз хизматро надоранд, ба артиш ҷалб хоҳанд шуд.

Ҳамасола ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 15-16 ҳазор ҷавон даъват мешаванд.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Тохир:

    Чиход дар Сурияву Ирок нею дар Ватани худамон мархамат сафхои артиши Точикистон мухточ ба сарбоз доранд,Ватани худро,модару миллати худро мухофизат кун аз хавфи душман мешавад чиход.Баъзе чавонони моро аз бе мафкурагию бе саводи манёвр карда ба Сурия ба чиход даъват мекунанд ин як кори зишти бе акли аст.Асосан барои марзу буми кишварро мухофизат кардан дар хадисхои Пайгомбари Ислом Мухаммад (с) низ омадааст. Хазрати Мухаммад (с) вакте дар чанги «Ухуд»буд хама вакт сафхошон аз сарбозони шучоъ пур буд.

  • бобочон:

    имомхатибон ба фарзандони худ хам насихат мекарда бошанд

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner