• Бахтовар Сафаров
  • 22.02.2019
  • 0

Дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ ба истиқболи Наврӯз

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз -2019 Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҷумҳурӣ мусобиқаи Дави наврӯзи ва  марафони  велосипедронӣ баргузор менамояд.

Ин иқдом бо мақсади  таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш  ва оммавияти он байни  аҳолӣ  амалӣ карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки Дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ  рӯзи шанбе- 16 марти соли равон дар шаҳри Душанбе-аз мавзеи дидбонгоҳи  Чорбоғ то Наврӯзгоҳи  пойтахт  доир мегарданд.

Инчунин дар иртибот ба таҷлили сазовори  иди Наврӯзи байналмилалӣ  бо ибтикори Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат  чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ  баргузор мегарданд. Мусобиқаҳои  кушоди шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ оид ба  «Гӯштингирӣ» аз 10 то 30 март, мусобиқаи  кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба  пойгаи аспдавонӣ   дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Норак ва Бобоҷон Ғафуров рӯзҳои 20-25 март, инчунин  мусобиқаҳои  варзишии пойгаи аспдавонӣ  ва бузкашӣ  дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ аз 10 то 25 март дар ҳамкорӣ бо мақомоти  иҷроияи  маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ  ташкил карда мешаванд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner