Давлатманди Хол дар Париж

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Санаи 29-уми июни соли 2018, дар пойтахти Фаронса, шаҳри Париж  барномаи фарҳангие таҳти унвони “Мусиқии мардуми Тоҷикистон” баргузор гардид. 

Дар ин чорабинии бошукӯҳ, ки бо ширкати ҳунармандони маъруфи тоҷик Давлатманд Холов ва Шавкат Оқилов доир гардид, меҳмонон наздик ба 90 дақиқа аз ҳунарнамии ин ситораҳои санъати тоҷик баҳраманд шуданд.

Чорабиниро нахуст Шафиқ Қосимов роҳбари анҷумани тоҷикони Париж – “Равзана” ифтитоҳ бахшида, ҷаноби Ҷалолиддин Убайдуллоҳ, сафири Тоҷикистон дар Фаронса  бо забони фаронсавӣ меҳмононро хушомадед,  гуфт ва дар бораи мусиқии тоҷик сухнаронӣ намуд. Меҳмонони чорабиниро садои Давлатманд Холов, ки дар Аврупо машҳур аст ва ба ваҷд овард. Ҳунарнамоии ҷаноби Шавқат Оқилов низ, хеле ҷолиб буд ва иштирокчиёнро ба ваҷд овард. Дар идомаи чорабинӣ ҳунармандони тоҷикро ҳунармандони инронии муқими Париж ҳамроҳӣ карданд. Меҳмонони чорабинӣ бо эҳсосоти хуб ва табъи болида аз чорабинӣ фориғ шуданд.

Онҳо баргузории чорабиниҳои ин сатҳро барои тарғиби фарҳанги тоҷикон дар Аврупо муҳим арзёбӣ карданд.

Масъуди Миршоҳӣ,

Париж


Поделиться новостью в социальных сетях:

6 комментарий

  • Ман дар як чи хайрон мешавам. Садои Давлатмандро дар Точикистон он кадар намеписанданду дар Аврупо чи гуна меписандида бошанд?

  • Ба Рустами Шамсуло: Завки паст доштаи бародар, агар фикр куни, ки садои Давлатманди Хол писанди мардум нест. Вокеан, аз номи хама гап назан.

  • Дулатманди Хол вогеан марди хунар аст дар Точикистон ну дар Фаронсиё!

  • Рустами Шамсуло бовар ку чони гапро гуфти ба ма хам писанд нестай овози хаму. Овозаш гушхарошай охи. Дар Дангараи мо хеч ки ура гуш намекна. Ай и дида Саидкул Билол, Парда Косим, Рахматулло Хошим созан. Ин Давлатманд амакиш вазорати фархангда охи ба хорича факат хамие меран

  • Ба Сайхомид: ман хам аз Дангара мебошам. Ахли оилаи мо мухлиси ашадии Давлатманди Хол хастем. Дар Дангараи мо хеч ки ура гуш намекна гуфтани ту асос надораааа.

  • Туда мефора овози хами? Е ягон хешутавори дорен чи?

Leave a Reply