Деҳқонон аз беобӣ шикоят мекунанду  Агентӣ нархи онро мебардорад

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Тавре қаблан соманаи “Тоҷикистон таймс” хабар дода буд, дар ноҳияи Панҷакент  дар натиҷаи 10 рӯз набудани об дар канали Туқсанкорез зироати киштаи деҳқонон аксаран хушк шуд. Ҳоло бошад, деҳқоқнони хоҷагии деҳқонии “Навобод”, за ҳамин ноҳия, ки чанд ҳазор га замин дораду дар он ҷо деҳқонон дар саҳмияҳои худ ба боғдорӣ ва зироаткорӣ машғуланд, аз нарасидани об шикоят доранд. Ҳамчунин, деҳқонони ин хоҷагӣ аз он шикоят мекунанд, ки дар ҳамин ҳолат ҳам аз онҳо ҳоло маблағи бештар талаб карда истодаанд ва нархномаи обёрии киштзор қиммат шудааст.

Мо бо ин савол ,ки то кадом андоза ин гуфтаҳо асос доранд, ба Сардори раёсати Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Шафоат Назифов муроҷиат намудем. Ин кас тасдиқ намуданд.ки воқеан ҳам аз 15 маи соли равон, дар асоси Қарори №50 аз 23 апрели соли равон  деҳқонон бояд барои обёрии як ҳисса замин ба ҷои  1,5 дирам бояд 4 дирам супоранд.  Сардори раёсат дар мариди нарасидани об изҳори бехабарӣ намуда, гуфт,ки дар ин ҳолат бояд деҳқонон бо ҳамон Ассотсиатсияе, ки шартномаи обарсонӣ бастаанд, муроҷиат намоянд .Аммо маълум нест, ки дар ҳолати аз сабаби сари вақт нарсонидани об ба истифодабарандагон хоҷагии обрасон зарири дидаи  деҳқонро ҷуброн мекунад ё не.


Поделиться новостью в социальных сетях:

7 комментарий

  • Ба таваччухи Агентии мелоратсия ва бехдошти замин:

    Мухтарам Абдумудассир Ахмадзода Шумо дехаи Навободи нохияи Панчакентро савол додаеду ахволи дехаи хамсоякишлоки Навобод Варзиканда низ хеле бад аст. Заминхои дехаи Варзиканда асосан тарики пойгохи обкашии «НАВОБОД» обери мешуданд ва дар гузашта ин сокинон барои 1соат ба пойгохи обкаши 20сомони пардохт мекарданд. Холо нархи 1соат об тарики ин пойгохи обкаши аз 20сомон ба 52 сомон расонида шудааст. Ин чи бедоди! Наход хамин кадар киммат кунанд?

  • Илтимоси дехконони дехаи Навобод аз журналисти мардуми Абдумудассир Ахмадзода:

    Мухтарам Абдумудассир Ахмадзода! Мо сокинони дехаи Навободи шахри Панчакент ба Шумо барои инъикос мушкилоти мардум тарики ин сомона ва тахия кардани гузоришхо аз рузгори дехконони кишвар арзи сипос намуда аз Шумо эхтиромона хохиш менамоем,ки бо раиси Агентии обери ва бехдошти замини назди Хукумати Чумхурии Точикистон оиди нархи об дар заминхои оби ва шартан оби як сухбати муфассал гузаронида дар ин сомона нашр менамудед хеле хурсанд мешудем. Хамчунин оиди хукукхои дехкон ва раиси асосиатсияи хочагии об низ равшани меандохтед хело хуб мебуд. Мо ба ин суолхо чавоб ефтан мехохем! 1. Маблаги хакки 1гектар замини оби чи кадар аст? Ое он аз руи зироати коридашуда хисоб карда мешавад е умуми? 2. Раисони асосиатсияхои хочагии об чи ухдадоранд ва то чанд фоиз метавонанд хакки асосиатсияро ба болои нархи об зам намоянд.? 3.Нарх дар пойгоххои обкаши чи гуна аст? БО ЭХТИРОМ ЯК ГУРУХ ДЕХКОНОН АЗ ДЕХАИ НАВОБОДИ шахри Панчакент

  • Агентии обери ва бехдошти замин дар кадом асос нархи обро 3 баробар киммат кардааст?

  • Баланд шудани нархи об сокинони шахру навохии Панчакентро ба ташвиш гузоштааст. Дар холе,ки нархи об ин кадар боло рафтааст нархи нурихои минерали дар бозорхои Панчакент аз 40 то 55 дар сад боло рафтааст. Бо ин хол дехконон чи кор бояд кунанд? Нархи маводу махсулоти ниези аввал низ боло меравад. Аз ин ру макомотхои марбутаро зарур аст нисбати ин мушкилот чорахо андешанд.

  • ин нархои нигаронкунандаи об дар конибодом низ дехкононро сахт ба ташвиш оварда аст . ЧИ БОЯД КАРД

  • Дар шархи ин матлаб мо сокинони дехаи Навободи шахри Панчакент аз рузноманигори варзида Аълочии матбуоти Чумхурии Точикистон Абдумудассир Ахмадович Ахмадзода оиди нархи об ва хакку хукуки истифодабаранда ва вазифахои асосиатсия мурочиат карда будем то дар сомона маълумот диханд аммо то ба хол мунтазирем

Leave a Reply