• Абдумудассир АҲМАДОВ
  • 15.03.2019
  • 0

Депутаҳо ҳам бетараф набудаанд


Маҷлиси Намояндагонпалатаи поёнии порлумони Тоҷикистонба муноқиша дар марзи кишвар бо Қирғизистон вокуниш кард ва гуфт, қазияро аз наздик пайгирӣ дорад ва ба ҷои ҳодиса намояндаи худро фиристодааст.

Дар натиҷаи муноқишаи рӯзҳои 13 ва 14-уми март, ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз 20 нафари дигар, аз ҷумла ду сокини Қирғизистон, маҷрӯҳ шуданд. Вакилони парлумон рӯзи 15-уми март дар баёнияи расмӣ масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро «аз масоили ҳассос» донистаанд, «махсусан баъд аз он ки онҷо ҳамватани мову шумо қурбон шудааст».​ «Бародароне, ки маълумоти муфассал надоранд, ба эҳсосоти хунгармона дода нашаванд. Бояд дарк кунанд, ки вакилони мардумии Тоҷикистон ҳеч гоҳ хомӯш набудаанд. Ҳамагуна воқеаву рӯйдодро, ки манфиатҳои миллат, давлат ва Тоҷикистонро дар бар мегирад, пайгирӣ менамоянд. Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки дар баробари Комиссияи ҳукуматӣ чанд рӯз аст, вакилони Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла Мавзуна Шамсиддинзода дар ҷойи ҳодиса қарор доранд ва дар паҳлӯи мардуми Исфара масъаларо пайгирӣ менамоянд», — гуфта шудааст дар баёния.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner