Диққат: 1000 доллар барои олими ҷавон

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2018 байни олимони ҷавон озмун эълон менамояд.

Мувофиқи маълумоти кумитаи мазкур Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони соҳаи  илму техника корҳои намоён анҷом додаанд, таъсис дода шудааст. Шумораи ҷоизаи мазкур 12-то  буда, маблағи ҳар кадоми он баробар ба 1000  доллар мебошад.

Дар озмун довталабони то 35-сола, ки дифои рисолаи илмиашон то 4 июни соли 2017 ҳимоя шуда, корҳои илмиашон дар муҳлати на кам аз як сол мавриди амал қарор гирифтааст, метавонанд иштирок намоянд.

Ба иттилои манбаъ дар озмун барои тадқиқоти илмие, ки ба инкишофи илмҳои бунёдӣ, гуманитарӣ, техникӣ, табиатшиносӣ ва тиб, коркард ва азхудкунии техника, материалҳо ва технологияи пешқадам, ки суръати афзоиш ва самаранокии пешрафти иқтисодиёту иқтидори мудофиавии мамлакатро мустаҳкам менамоянд, афзалият дода мешавад.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 4 июни соли 2018 муайян шудааст. Довталабон метавонанд барои маълумоти иловагӣ ба рақамҳои 236-01-17, 235-19-53, 236-37-26 ва 236-42-66 дар тамос шаванд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

4 комментарий

  • Ачоиб 12 нафар ба 1000 долари? Инхо чи кор кардаанд? Хаму як рисолае,ки…

  • Хеле зиед аст дар як давлати кучак. Арзанда яксол да як нафар меша на 12нафар. Дар як сол 12нафар дар 10сол 120 олими чавон…. Инхо дар бораи чи рисола менавишта бошанд! Дар бораи шеъру шоири бошад Точикистони мо аз филологхо бой аст. Агар олимони чавон арзанда бошанд ман хам тарафдор аммо аксараш рисолаи илмиро мехарад е руйнавис мекунад. Ина бинед а? Бо вучуди кучактарин кори олимони чавон рохбари давлатамон мухтарам Эмомали Рахмон солона 100-110хазор сомон чудо мекунанд. Ин гамхориро олимони чавон нодида нагиранд…

  • Шумо, конун ро дар бораи асьори милли нахондаед е ба шумо дахл надорад, чаро бо доллар менависеду на бо сомон.

Leave a Reply