Дигар ба хонаам набиё, оча!

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Модарҷони азизам, шояд шумо ин номаи маро хонда сахт меранҷед, вале тавалло мекунам, маро дуруст фаҳмед.

Шавҳарам аз рӯзи аввали зиндагиамон маро таъна карда мегӯяд, ки очаи шаттоҳи ту дар як дам нисфи дунёро оташ мезанад, бигӯ, ки ба хонаи ман набиёяд, чунки ӯро бинам, табъам вайрон мешавад. Аввалҳо ман аз ин гапи шавҳарам сахт меранҷидам ва ҳамеша тарафи шуморо мегирифтам, вале бисёр ба зиндагии оилавии мо дахолат карданатон ҳоли маро торафт бадтар карда истодааст. Очаҷон, барои чӣ дар куҷое, ки бишинед, шавҳари маро ғайбат карда, суханҳои пасту баланд мегӯед. Гумон мекунед, ки домодатонро сагу хар ва падарлаънату беимон гуфтанатон ба гӯши вай намерасад? Одамон гапҳои шуморо нарезондаю начаконда ба шавҳарам мегӯянд. Аз моҷаро ва гапҳои қабеҳ задан ягон кас обрӯ нагирифтааст очаҷон, барои чӣ дар ҳама ҷо бадгӯӣ карда мегардед? Синну солатон ба ҷое расидааст, камтар даҳонатонро ҷамъ кунед ва бо кӣ ҳамсуҳбату бо кӣ ҳамнишин буданатонро андеша намоед.  Модарҷони азизам, медонам, ки газетаи “Оила”-ро ҳар ҳафта мехонед, барои ҳамин маҳз ба ҳамин газета дарди диламро навиштам, то ки шумо онро хонеду ислоҳ шавед. Шавҳарам қасам хӯрдааст, ки агар як бори дигар очаат маро дар ягон ҷо ғайбат кунад, талоқатро медиҳам. Илтимос, бачаҳои маро сағера накунед, оча!

Гулмираи файзободӣ

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

  • Баъди оне ки духтаратро ба ҳаёти мустаъқилона равон карди дигар ба вай коре надошта бош.Ба он маъное не ки дигар ба ӯ аҳамият надеҳ балки ба ӯ гӯй ки духтарам қадри шавҳар ва хусуру хушдоманатро бидон. Ба ҷое ки домодашро таъриф кунад ӯро дар назди дигарон ҳақорат мекунад.Боз ин духтар фарзанд доштааст .Шумо обрӯи занони Тоҷикистонро резондиед.То ҳол ягон модари тоҷикро надидабудам.Афсус!!!!!!!!!!!!!!!!!

  • Дар урфият мегуянд, ки агар домодат хуб бощад, аз духтарат миннатдор шав, агар келинат хуб бошад, аз писарат. Гулмирачон, агар худат духтари хуб мебудию шавхаратро дар назди модар ганда намекарди, модарат хам уро дуст дошта, гапхои пасту баландро дар хаккаш раво намедид. Баъдан, метавонисти ин суханхоро ба модарат худат дар танхои бигуи, на ин ки тавассути газета. Оянда ин гуна муносибату ин суханонро аз фарзандат интизор шав. Ин дунё дунёи гардонанда аст. Хар амалат бозпас мегардад.

Leave a Reply