Дилноза Каримова ба саҳна бармегардад

СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Дилноза Каримова, овозхони шинохтаи тоҷик баъди 5 моҳи марги фарзандаш ва модараш бо як таронаи нав дар бораи модар ба саҳна баргашт. Дилноза Каримова дар паёмаш навишт, «рӯзҳои боронӣ паси сар шуданд”, «зиндагӣ идома дорад, мубориза низ” ва ӯ пас аз рафтани модар ва фарзанд ба овозхонӣ идома медиҳад. «Чаро, ки САРОИДАН барои ман ЗИСТАН аст. ЗИСТАН бароям САРОИДАН аст. Ҳис мекунам, ки ба ҷуз саҳна, ба ҷуз сароидан маро чизе ором нахоҳад кард,” – мегӯяд дар паёми бозгаштиаш Дилноза.

Дилноза Каримова, овозхони шинохтаи тоҷик дар рӯзҳои соли нав якбора ба ду мусибат дучор шуд. Шаби 31 декабр писари шашсолаи ӯ Диёрбек Аминҷонов дар бемористони шаҳри Деҳлӣ аз бемории саратон даргузашт. Дилноза тоза ҷанозаи ҷигарбандашро ба хок супурд, ки рӯзи 7 январ модараш Матлуба Розиқова аз дунё рафт.

Ва инак 5 моҳ баъди аз даст додани модару фарзанд Дилноза Каримова эълон кард, ки бо як тарона дар васфи Модар ба саҳна бармегардад. Ӯ дар паёми бозгаштиаш навишт, ки «рӯзҳои боронӣ паси сар шуданд” ва «зиндагӣ идома дорад, мубориза низ.”

Дилноза дар шарҳи бозгашти худ навиштааст, ки бо як эҳсоси комилан дигаре ба саҳна бармегардад, вале барнагашта ҳам наметавонист: «Инак пас аз рафтани модар ва фарзанд ман сароиданро идома медиҳам. Чаро, ки САРОИДАН барои ман ЗИСТАН аст. ЗИСТАН бароям САРОИДАН аст. Ҳис мекунам, ки ба ҷуз саҳна, ба ҷуз сароидан маро чизе ором нахоҳад кард. 

МАТНИ ПУРРАИ ПАЁМИ ДИЛНОЗА КАРИМОВА БА МУХЛИСОН (AЗ HIT.TJ):

Салом падарон, модарон, хоҳарону бародарон ва мухлисони азизи дилу дида. Шукри Парвардигор ва қисмат зиндаем ва боз бо ҳамем. Барои ҳунарманду эҷодкор баҳриэҷод кардану офаридан муҳимтарин чиз ин рӯҳияи хуб доштан. Аз рӯҳияи моҳҳои охири ман ҳамаи Шумо хуб хабардор будед. Шуморо бовар мекунонам, ки маҳз ҳамин муҳаббату дастгириву дар канорам буданҳои Шумо нагузошт, ки ман рӯҳану ҷисман шикаставу нопайдо гардам. Ҳарчанд вуҷудам ғамхона шуда бошад ҳам дар ивази некиҳои Шумо амалеро дар навбати худ анҷом додан намегузорадам, ки бимирам. Маҳз дар мушкилтарин лаҳзаҳои зиндагиям қадри Шумо мухлисони азизам, қиммати ҳунару ҳунарманд буданро ба хуби дарк кардам. Дарк кардам рисолати ягонаи худро. Сароидан! Пайваста эҷод кардану дар саҳна будан. Дар саҳна будану аз саҳна гуфтани ҳарфҳое, ки рӯҳияи мардумро шод нигаҳ дорад. Дилҳои шикастаро умед бахшад. Ғанимат будани сонияҳову одамҳоро бифаҳмонад. Ҳамеша дар дил фурӯзон нигоҳ доштани шӯълаи муҳаббатро васф бикунад.
Инак рӯзҳои боронӣ паси сар шуданд.
Шукр. Шукр мекунам аз буданатон. Шукр мекунам аз нафасеро ки Шуморо ҳамнафасам. Шукр мекунам, ки ҳанӯз дар овони кӯдаки завқи сарояндагиву оҳангсози доштани ману бародарам Зайниддинро ба инобат гирифта модари ҷонам ба мактаби мусиқӣ доданд ва заҳмати зиёд кашиданд то мо ба сарояндаву оҳангози касби табдил ёбем.Ба шарофати раҳнамоиву дилсӯзиву серталабии он кас мо имрӯз Дилноза Каримова ва Зайниддин Каримов ҳастем. Дар пеши худ ҳамеша мақсад гузоштану софдилонаву поквиҷдонона ба мақсади худ расиданро маҳз модар дар вуҷуди мо тарбия кардаанд. Ҷоятон ҷаннат бод Аяҷон! Мо зиндагиву мақсадҳои наҷиби шуморо идома хоҳем дод!
Зиндагӣ идома дорад, мубориза низ. Кунун нигоҳу эҳсосу маънии зиндагии ман дигаргуна хоҳад буд.

Инак пас аз рафтани модар ва фарзанд ман сароиданро идома медиҳам.

Чаро, ки САРОИДАН барои ман ЗИСТАН аст. ЗИСТАН бароям САРОИДАН аст. Ҳис мекунам, ки ба ҷуз саҳна, ба ҷуз сароидан маро чизе ором нахоҳад кард.
Инак ман месароям: барои худ барои наздикони худ ва албатта барои Шумо мухлисони азиз, ки ҳамеша бароям қуввати дил будед. Аввалин суруди худро ман ба модари азизам ва барои тамоми модарони дунё мебахшам.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply