Доғ дар Боғ беназоратиҳои Кумитаи забон, КВД «Обу корези Душанбе», ноҳиядори Сино

ДИН ВА ҶОМЕА, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

   Пойтахти Ватани маҳбубамон – шаҳри Душанбе  дар пайи ташаббусҳои созандаву ғамхориҳои Сарвари давлат ва  шаҳрдории Душанбе рӯз то рӯз ободу хуррам ва пуршукӯҳтар мешавад.  Аммо симои пойтахти тоҷикон аз ин ҳам шукуфою оламгир мешавад, ба шарте ки ҳар як сокинаш дар ин кори ватандӯстона саҳмгузор бошад. Бо маблағ саҳмгузорӣ карда натавонанд, ақаллан ободонии гузару кӯчаашонро ҳифз намоянд. Афсӯс, ки ин тавр нест ва мушоҳидаҳо собит мекунанд, ки аз бетарафию бетафовутӣ дар боғистони шукуфои Душанбе ҳанӯз ҳам доғҳои зиёде ҳастанд.

 

Хушкидаву гарданшикастаи Боғи Ирам

Гулистонҳою майсазорон ва дарахтони нодири сершумори Боғи Ирами овозадорро, ки ҳамчун намуна аз тамоми манотиқи дунё дар ин ҷо оварда, парвариш мекунанд, ҳар рӯз ҳазорон сокину меҳмони пойтахт тамошо карда, завқи зебоипарастии худро меангезанд.

Аммо доғҳое ҳусни Боғи Ирамро доғдор сохтаанд. Аввал, чун аз дарвозаи шимолии ин боғ медароед, табъатонро ду дарахти сӯзанбарги хушкида хира месозад. Ин ду дарахти муҳташам, ки ҳамеша таҳти нигоҳубини кормандони боғ буданд, чаро ба ин ҳол гирифтор шуданд?

Ё дар ҳар ҷо-ҳар ҷои боғ пайкараҳои ҳайвонотро насб кардаанд, ки бешубҳа, таваҷҷуҳи бинандагони хурдсолро ба худ мекашад ва бояд ба ҳусни боғ ҳусне зам намояд. Вале бинобар гузашти солҳо баъзеи ин пайкараҳоро пою гардан шикастаанд.   

 

Беназоратии КВД «Обу корези Душанбе»  

Чаро кулли мардум шодоб нест? Ин саволро ба чандин шаҳрванди пойтахт, ки ин ду лӯлаи обгузарон (водопровод)-и обаш шабонарӯзӣ ройгону беҳуда равонро истифода мекунанд, додаем. Онҳо ташнагӣ мешикананд, қолину мошин мешӯянд, вале ҳавсалаи пешгирӣ кардани исрофи оби ошомиданиро надоранд. Барои мисол, аз беназоратии масъулони КВД «Обу корези Душанбе»   ин  ду лӯлаи об дар кӯчаҳои ба номи Маяковскии ноҳияи Сино ва Моёншо Назаршоеви ноҳияи Шоҳмансур шабонарӯзӣ оби нӯшокӣ тонна-тонна ба миқдори пули калон исроф мешавад. 

КВД «Обу корези Душанбе» солҳост, ки чунин лӯлаҳои обро дар кӯчаю тангкӯчаҳои пойтахт аз байн бурдааст. Аммо аз фориғболии масъулони обу корез як қисми онҳоро баъзе шаҳрвандон барқарор карданд. Як сабаби шодоб нагардидани кулли мардум ба ин гуна исрофкориҳо рабт дорад…

 

«Олами кабоб»-у «Олами гӯшт»

Дар шаҳри Душанбе ҳамоно ташкилоту муассисаҳо ва нуқтаҳои хӯроки умумие бо номҳои булаҷабе фаъолият доранд, ки хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» номгузорӣ шудаанд.

LC Waikiki чӣ муассисаест дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнӣ, ки ошкоро бар хилофи муқаррароти қонуни забон ном гирифтааст? Дар пойтахт вақтҳои охир чунин номгузориҳои ташкилоту муассисаҳо боз амри воқеӣ гардидааст.

Мутаассифона, зиёдаравӣ инчунин  дар номгузориҳои корхонаҳои хусусӣ мушоҳида мегардад. Бахусус, дар истифодаи ноҷои калимаи «ОЛАМ». Дар кӯчаи Раҳмон Набиеви ноҳияи Сино кабобпазҳо «Олами кабобҳо», «Олами кафелҳо», «Олами чархҳо»-ро  «сохтаанд». Мегӯянд, ки дар шаҳр «оламҳои» дигари ба ақл ҷо намегирифтагӣ («Олами гӯшт») низ бисёранд. Шояд онҳоро Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти раиси он Гавҳар Шарофзода хубтар медонад?

 

Ҳуснобод: осмон яллақӣ, замин тараққӣ!

Дар маҳаллаи Қарамиршикори ноҳияи  Сино кӯчае бо номи хеле дилнишини «Ҳуснобод» ҳаст, ки аҳолиаш аксар мардуми доро мебошанд. Ҳавлӣ ва дару хонаҳои хушсохти онҳо воқеан ҷавобгӯ ба номаш мебошад. Онҳо бештар ба  соҳибкории хурду миёна ва дигар корҳои ризқрасон машғуланд. Ҳавлию дари онҳоро гулистону боғистонро мемонад, пушти ҳавлиашон мудом тозаю обод мебошад.

Аммо роҳи мошингарди кӯча, ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ асфалт рехта шуда буд, акнун  ҳоли табоҳе дорад. Ҳар қадами роҳ хароб гардида, аз асфалташ нишонае намеёбед, айёми боришот пур аз  кӯлмакҳо гардида, чуқуричаҳо бештар  мешаванд. Дар ҳавои гарм аз таги чархи нақлиёт гарду чанг ба ҳаво мехезад.Чанд тан бошандагони кӯча иброз доштанд, ки омодаанд роҳро аз маблағи худ таъмир намоянд. Ҳатто дар ин  бора номаи дархостие ба номи шаҳрдорӣ фиристодаанд, аммо то ҳол посухе нагирифтаанд.

Эмоми НАЗАРИЁН,

 «Тоҷикистон»


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply