Додоҷон Атовуллоев масъул аст, ки…

Сиёсат, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

Додоҷон Атовуллоев

масъул аст, ки аз номи ёрон, ҳамандешон, ҳамсафон ва ҳамчунин раҳбарии “Ватандор” ва “Анҷумани неруҳои созандаи Тоҷикистон”

изхор бинамояд:

БАЁНИЯ

Мо ҳанӯз бо касе ё гурӯҳе паймон набастаем. Бо онҳое ҳампаймон хоҳем шуд, ки маънои «паймон»-ро дарёфтаанду ҳаргиз паймон нашкастаанд.

Ҳампаймонони мо арҷу эътибор доранд ва бо арзишҳою андешаҳои мо дар масъалаҳои калидӣ ва усулӣ ҳамнавоянд.

Паймонаи мо аз хиёнат, ҳамоқат ва ҳақорати онҳое, ки ҳар рӯз чеҳраашонро, омӯзаву омӯзгорашонро, роҳу роҳбарашонро иваз мекунанд, пури пур аст.

Мо дигар ҳам борон дидаему ҳам сахт сӯхтаем, аз таҷрибаи рӯзгор андӯхтаем ва ҳар гомро санҷида мегузорем, аммо на ба хотири мулоҳизакорӣ, балки барои сохтмони ҷовидонии паймони миллӣ.

Ҳамроҳи мо касонеанд, ки ҳамсафарро санг намезананд, қоидаҳои роҳро нодида намегиранд ва роҳро аз чоҳ бозмешиносанд ва аз поёни роҳ шинохте доранд ва ҳаргиз ба ҳамроҳи худ хиёнат намекунанд.

Роҳи мо якест ва он ПАЙМОНИ МИЛЛӢ аст, ки хамаро фаро мегирад! Бидуни истисно. Ва на чанд ному гурӯҳи ноошноро.

Мо як роҳро меписандем. Ва он роҳест, ки ба Моми Меҳан – Тоҷикистон хатм мешавад; бо барномаи мушаххаси рушди ҳукумати миллӣ.

Роҳи  имрӯзи мо ба он фардост!


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

  • Ин бечора муйсафед дигар рохе надорад махз аз дигаронро таъкид кардан.
    Опозиция барои ин марди мариз конкурентция шудаст!
    Ва вактхои охир ки ба ин муйсафеди бечора кам ахамият медиханд, акнун аз паша фил сохтанро сар карааст!

  • Ин одам хаста нашуд лекин. Чи азоб ки умри ширината пинхони мегузарони а Ватан дур.Шукрона хон Ободии Точикистона Дида. Як Чахон ташакур ба Эмомали Рахмон ки имруз мо тинчу осоишта зиндаги карда истодаем.

Leave a Reply