ДОИШ-ии тоҷикро дар Украина боздоштанд

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Марзбонони Украина дар фурудгоҳи Борисполи шаҳри Киев ҳангоми тафтиши мусофирони як ҳавопаймо шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистонро дастгир кардаанд.

Ин шаҳрванд аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ба зархаридӣ ва узвият дар созмони террористии ДОИШ айбдор шуда, тавассути Интерпол таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштааст. Хадамоти давлатии марзбонии Украина дар иттилоияаш гуфт, шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистонро ба пулис супурдаанд. Пулис масъалаи истирдоди ӯ ба Душанбе бо дархости мақомоти Тоҷикистонро баррасӣ мекунад.

Бино ба иттилои марзбонҳои Украина, ин ҷавони 29-сола дар соли 2016 ба Сурия рафта, ба сафи созмони террористии ДОИШ («Давлати исломӣ”, дар Тоҷикистон мамнӯъ) ) пайвастааст ва дар урдугоҳи ҷангҷӯён тамрини махсуси низомӣ гирифтааст.

Дар чанд соли охир, ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, беш аз 1100 шаҳрванди ин кишвар ба Сурия ва Ироқ рафта, ба гуруҳҳои тундраву террористӣ, асосан ба ДОИШ ҳамроҳ шуданд. Баъди танг шудани мавқеи  ДОИШ дар Сурия ва Ироқ, бисёре аз ҷангҷӯёни он ба худ роҳи гурез меҷӯянд. Ин ҷангҷӯи тоҷик мехостаасст тавассути Украина баргардад, вале дар фурудгоҳи ин кишвар  ба даст афтод.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply