Домод дар Варзоб ба садама дучор шуд

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Аз нақли арӯси ноком:
Ҷавонеро бо исми Хусрав дӯст медоштам ва ҳамеша орзу мекардам, ки Худованд тақдири маро бо шоҳзодаи орзуҳоям пайвандад. Хусрав аз дигар ҷавонписарони деҳаамон ба куллӣ фарқ мекард. Вай бисёр ҷавони ҷиддӣ буд, субҳ бо сари хам ба кор мерафту шом ба хонаашон бармегашт. Рӯзҳое мешуд, ки то намози шом чашмамро аз роҳ наканда, бозгашти ӯро интизорӣ мекашидам, аммо Хусрав ба ман ҳатто нимнигоҳе ҳам намекард. Вай умуман ба ягон духтар аҳамият намедод. Шабҳоро бо гиря саҳар карда, Худоро зорӣ менамудам, ки меҳри маро дар дили Хусрав ҷо намояд. Намедонам ҳамон зориҳои шабонаам асар карданд ё аз азал тақдирамон чунин будааст, ки як бегоҳ падару модари Хисрав ба хонаамон хостгорӣ омаданд. Волидонам аз ишқи ман нисбати ин ҷавон хабар надошта бошанд ҳам, дарҳол розигӣ доданд, чунки Хусрав бисёр бачаи бамаънӣ буд ва ҳар инсон чунин домод доштанро орзу мекард. Ман аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷидам, ки ба орзуям расида бо Хусрав хонадор мешавам, вале…

Тӯйи мо дар тарабхонаи “Самандар” дар ҳалқаи ёру дӯстон чунон зебою тарабнок гузашт, ки ногуфтанӣ. Пас аз анҷоми базм Хусрав маро ба хонаашон оварда, ба таги чодар даровард ва гуфт, ки ҳамроҳи ҷӯраҳояш ба Варзоб дамгирӣ меравад.

Наварӯс, ки будам, монеаи рафтанаш нашудам. Хусрав ҳамон шаб ба хона наомад. Субҳ хабар оварданд, ки дар роҳи Варзоб мошини онҳо ба садама гирифтор шуда, Хусраву ҷӯраҳояшро ба беморхона бурдаанд. Хусуру хушдоманам дарҳол ба беморхонаи Қарияи Боло рафтанд, то аз ҳоли шаҳбачаашон хабар гиранд, аммо…

Пас аз нисфирӯзи ҷисми ба хун оғуштаи Хусравро ба хона оварданд. Шаҳбачаи ормонии мо дар садама ҷон бохтааст. Гирёну нолон тӯри арӯсиро аз сарам гирифта, худро ба рӯи ҷасади Хусрави ғӯрамаргам партофтам ва навҳа кашида, зор-зор гиристам. Худоро зориву тавалло намудам, ки ҷони маро ҳам гирад, то маро ҳамроҳи Хусрави азизам ба хок супоранд, аммо гиряҳои зорам раҳми парвардигорро наоварданд.

Ҳамин тавр Хусравро рӯзи дуюми тӯямон ба хок супориданд, ман бошам, бо қалби реш дар ин дунёи бераҳм мондам.

Ба ҳама нафрат дорам, ҳатто ба худам, ки бе Хусрав умр ба сар бурда истодаам. Худованд бахти ҳақиқиро дод, вале чашидани шаҳди висолро ба мани бетақдир насиб накард. Дигар ман роҳи киро интизор мешавам? Лаънат ба қисмати бахтсӯз, ки маро абадан аз ёри аз ҷон азизтарам ҷудо кард!

Саидаи гирён


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply