Домулло Азизбек: Хайр кардан ба ғайри дин ҳам дуруст  аст

ДИН ВА ҶОМЕА, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

 

Дар оғози моҳи Рамазон дар саҳифаҳои ҳафтанома  суҳбате доштем бо Домулло Азизбек Асламзод, -имом — хатиби масҷиди гузари “Чаноро-2”-и, шаҳри  Душанбе дар мавриди саволҳои баҳсбарангези ин моҳ. Инак, бо хотамёбии моҳи шарифи Рамазон бо эшон дубора вохӯрдем ва боз ба чанд саволи дигар равшанӣ андохтем…

-Домуллои муҳтарам, инак, моҳи шарифи Рамазон ҳам ба охир расид. Ин моҳро моҳи хайру саховат мегуянд. Аммо агар дар ин моҳ хайр накарда бошед, пас бояд соли ояндаро интизор шуд, то ба  касе чизе хайр кунӣ?

-Не, ҳаргиз ин тавр нест. Хайру саховат дар ислом як амали ҳамешагист. Аммо гап дар сари он аст, ки дар Рамазон савоби он бештар аст. Зеро дар ин моҳи муборак бузургтарин калом барои инсоният — Қуръон нозил шудааст. Додани фитри рӯза, додани  хайрҳои дигари берун аз он дар ин моҳ фазилати зиёд ва савоби зиёд дорад. Аммо хайру саховат дар тамоми моҳҳои сол савоб дорад. Агар шахсе,ки имконияти кумак ба дигаронро дорад, ҳамеша аз паи чунин амалҳо бошад, боз ҳам соҳиби савоб ва соҳиби мартаба дар назди Офаридгор хоҳад шуд…

-Ақидае ҳаст,ки хайру саховат танҳо ба мусулмон ҷоиз аст ва агар чизе ба ягон нафар аз ғайридин додӣ ё хайр кардӣ, аз он савобе намебардорӣ. Оё чунин аст?

-Не, албатта! Пайғамбари мусалмонон ҳазрати Муҳаммад (с.а.в.) ҳатто нисбати яҳудиён нигоҳи бадбинона надоштанд. Он кас таълим медоданд, ки чун яҳудиро ҳам вохӯрдӣ, ба ӯ салом бояд  дод. Зеро салом қарзи як бандаи Худо назди дигараш аст. Чун салом , ки чунин бошад, пас ҷоиз аст, ки хайр ҳам дар сурати  зарурӣ ба як ғайридини муҳтоҷ карда шавад.Новобаста ба он ки дар назди шумо масеҳию  насронӣ ва ё яҳудию бутпараст истодааст, агар ниёз ба кумаку дастгирии шумо дорад, кумакаш кунед…

-Аз ин мебарояд, ки ба он талбандаҳое ки аз зоҳирашон маълум аст, ки мусулмон нестанд, вале дар қатори дигар талбандаҳо дар назди масҷидҳо ҳангоми  намози ҷумъа  ё ид истодаанд, хайр кардан дуруст аст?

-Бале, зеро ин собит менамояд, ки ислом дини хайрхоҳ аст на дини душманков. Додани садақа ба ҳамаи талабандагон, аз ҷумла ғайри динҳо ҳам дуруст аст.

-Баъзан чунин мешавад, ки шахс аз каси дигар қарздор аст, вале бисёр мехоҳад, ки ба мардуми дигар ва нодору муҳтоҷ,  ки ниёз ба кумак доранд, чизе ва ё маблағе диҳад. Мегӯянд, ки хайри қарздор қабул нест. Оё чунин аст?

-Масъалаи қарздорӣ дар назди ислом яке аз масъалаҳои хел муҳим аст. Бубинед, ҳангоми ҷанозаи шахси фавтидаеро хондан  қабл аз оғози намози ҷаноза дар мавриди қарздории ин банда аз бандаҳои дигар мепурсанд. Зеро Худованд, ки бахшандаи меҳрубон аст, Ҳаққуллоҳ, яъне  қарзеро, ки ин банда аз ӯ дар масъалаи сари  вақт нахондани намоз, надоштани   рӯза ва анҷом надодани дигар рукнҳои исломӣ метавонад бахшад. Вале ҳаргиз қарзи як бандаро аз номи бандаи дигар бахшида наметавонад. Бинобар ин, зарур аст, ки шахси қарздор аввал қарзи худро адо кунад ва баъдан ба хайру саховат машғул шавад.

-Оё имкон дорад, ки шахсони доро ва имконияти бузурги молӣ дошта ба як шахс  ё гурӯҳи калони  мардум  хайри дастҷамъона кунанд ва аз савоби он ба таври ҳамешагӣ баҳараманд шаванд?

-Бале, чунин ашхос агар хайри ҷория кунанд, баъд аз маргашон низ  то рӯзи қиёмат аз савоби он баҳраманд мегарданд. Масалан, агар онҳо мактаб, масҷид , пул ва  ё ягон сохтмони дигаре кунанд, инчунин чоҳи об  кананд, роҳеро ҳамвор кунанд, ки одамон аз онҳо  пас аз сари хайркунанда низ истифода баранд, он гоҳ соҳиби чунин хайр, яъне хайри ҷория  хоҳанд гашт, ки то рӯзи қиёмат, то замоне ки дари ҳама чиз, аз ҷумла дари хайр ҳам баста хоҳад шуд, аз савобаш мегарданд…

-Ҳазрати домулло, ҳоло дар охири моҳи Рамазон зеҳни бисёр рӯзадоронро ин савол банд кардааст, ки мо имсол ба ҷои сӣ рӯз 29 рӯз рӯза гирифтем ва моҳ пурра нашуд. Оё метавонем пас аз гузашти Иди Фитр ба хотири он як рӯзи кам  гирифтаамон  рӯзаи қарзӣ гирем?

-Аввалаш ин, ки онҳое, ки 29 рӯз рӯза гирифтанд, аз Рамазон қарздор нашудаанд. Зеро моҳ 29 рӯз буд ва агар касе бодиққат шарҳи Шӯрои уламоро мутолиа намуда бошад,  инро мефаҳмад. Сониян, мо дар кишвари худ сохторе дорем, ки  барои муайян намудани рӯзи Рамазон ва ба танзим даровардани дигар рукнҳои фармудаи  ислом  муваззаф аст. Чун ин сохторро ҳамагон эътироф мекунем, иҷрои фармудаҳои онро низ бояд эътироф намуд. Аммо агар шахс дар дилаш шубаҳае нисбат ба рӯзаи гирифтааш дошта бошад, метавонад, ки на танҳо як рӯз, балки чанд рӯзе, ки аз уҳдааш мебарояд, пас аз гузаштани Иди Рамазон  рӯза дорад…

-Яъне бо дили пур ид кунем?

-Албатта. Аз фурсат истифода бурда, ҳамаи  мусулмонони кишварро бо Иди Фитр табрик мегӯям. Худованд нигаҳбонатон!

Суҳбатнигор  А. ҲОҶӢ

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply