Донишҷӯёни туркман ба Тоҷикистон омада наметавонанд

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Садҳо донишҷӯи туркман, ки имсол дар донишгоҳҳои Тоҷикистон шомил шудаанд, наметавонанд, барои таҳсил ба Душанбе ва дигар шаҳрҳои кишвар биёянд.

Бародари яке аз ин донишҷӯён, ки имсол ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон қабул шудааст, рӯзи 8-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бародараш се дафъа хост, қабл аз шуруи таҳсил ба Душанбе биравад, вале марзбонон ба ӯ иҷоза надодаанд, ки аз Туркманистон берун шавад.

“Санадҳои бародарам дуруст аст, бештар аз 100 доллар дода, раводиди Узбекистонро ҳам гирифт, вале се дафъа рафт, ба ӯ дар гузаргоҳи марзӣ гуфтаанд, ки ба Тоҷикистон наравед, ҳар ҷои дигар, ки хоҳед, мемонем. Равед дар дигар ҷой таҳсил кунед” – гуфт, ӯ дар як мукотибаи телефонӣ аз тариқи Телеграм. Вай навишт, ки марзи Туркманистон аз рӯзи 28-уми август ба рӯи донишҷӯёни туркмани озими Тоҷикистон бастааст.

1000 нафар мунтазири як фармон

Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, бародари ӯ танҳо нест ва мақомоти кишвараш намегузоранд, бештар аз 1000 донишҷӯи туркман барои таҳсил ба Тоҷикистон бираванд.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ аз Туркманистон, ки нахост, номаш бурда шавад, гуфт, мақомоти марзбонӣ сабаби роҳ надодани донишҷӯён ба Тоҷикистонро шарҳ намедиҳанд ва “мегӯянд, ки худатон аз раиси ҷумҳур бипурсед.”

“Ман як модари танҳо дорам, ба зӯр пул кор карда меёбад, ки бародарам таҳсил кунад. Дар инҷо таҳсил гарон аст, имкони пардохтани пули зиёдро надорем. Барои чӣ онҳо бо мо чунин рафтор мекунанд” – гуфт, ӯ.

Дар воқеъ дар бахши равобити байналмилалии Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалӣ Сино дар Душанбе гуфтанд, ки теъдоде аз донишҷӯёни туркман, ки ба шуъбаҳои шартномавӣ қабул шудаанд, натавонистаанд, барои таҳсил биёянд.

“Бале ба донишгоҳи мо қабул шуданд, баъзеашон омадаанд, вале баъзеашон ё ба сабаби мушкилоти виза омада наметавонанд. Ростӣ сабабашро намегуянд” – гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ ва афзуд, ки шумораи онҳоеро, ки омада натавонистаанд, гуфта наметавонад.

Донишгоҳи омӯзгорӣ: Ҳамаашон омаданд

Аммо дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳамаи довталабоне, ки ҳуҷҷат супурданд ва ё донишҷӯ ҳастанд, дар Душанбе ҳастанд ва ба таҳсил идома медиҳанд.

 

Саидмурод Хоҷазод, омӯзгори забони тоҷикӣ аз Донишгоҳи омӯзгорӣ рӯзи 8-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “Ҳамаи онҳое, ки ба донишгоҳи мо қабул шуданд, омаданд ва таҳсил мекунанд. Ҳамаи донишҷӯёни соли аввал омадаанд ва дарс мехонанд.”

Ба гуфтаи устоди донишгоҳ, имсол теъдоди камтари донишҷӯёни туркман ба Донишгоҳи омӯзгорӣ омадаанд, вале теъдоди онҳо дар дигар донишгоҳҳои кишвар зиёданд.

“Соли гузашта ба донишгоҳи мо 1111 нафар дохил шуд, якуним ҳазор нафар омада буд. Имсол камтар омаданд, вале ба дигар донишгоҳҳо рафтанд, Донишгоҳи миллӣ рафтанд, қариб 500 нафар Донишгоҳи забонҳо рафтанд, ба Донишгоҳи славянӣ ва Донишгоҳи Кӯлоб рафтанд” — гуфт, Саидмурод Хоҷазод.

Мақомоти расмии Туркманистон, дар ҳоле монеи сафари донишҷӯёни кишварашон ба Тоҷикистон шудаанд, ки теъдоди довталабони таҳсил аз он кишвар дар донишгоҳҳои Тоҷикистон меафзояд. Танҳо дар соли гузашта бештар аз 4 ҳазор донишҷӯи туркман дар донишгоҳҳои Тоҷикистон аксаран дар шӯъбаҳои шартномавӣ таҳсил мекарданд.

 

Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ аз Туркманистон, азбаски дар кишвари онҳо барои шомил шудан дар донишгоҳ ришваи зиёд ва то 16 ҳазор доллар талаб мекунанд, он ҷавонони туркман, ки пули зиёд надоранд, кишварҳои наздикро барои таҳсил интихоб мекунанд.

Роҳи мошинҳои борбари Тоҷикистон боз шуд, аз донишҷӯён не

Манъи сафари донишҷӯёни тоҷик ҳамзамон бо манъи вуруди мошинҳои борбари Тоҷикистон ба қаламрави Туркманистон шуруъ шудааст. Мақомоти ин кишвар аз охири моҳи август ба садҳо мошин ва қатори озими Тоҷикистон иҷоза надоданд, ки аз Эрон ба қаламрави ин кишвар ворид шуда ба Тоҷикистон бирасанд. Танҳо ҳафтае пеш ронандагони мошинҳои борбар гуфтанд, ки Туркманистон дари марзро ба рӯи онҳо боз кард ва мошинҳои зиёде баъди интизориҳои тулонӣ ба самти Тоҷикистон роҳ гирифтаанд. Мақомоти Туркманистон, ки аз кишварҳои бастаи ҷаҳон аст, аз сӯҳбат бо матбуоти хориҷӣ ҳамеша парҳез мекунанд.

“Озодӣ”

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply