Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз рӯи 40 ихтисос мутахассис омода менамояд

ИҚТИСОД, Лоиҳаҳо, ТОҶИКИСТОН

Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) дорои  се бинои таълимии асосӣ, ду бинои ёрирасони таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ, ду толори варзишию фарҳангӣ, ду бинои китобхона, се бинои хобгоҳ, як ошхонаи замонавӣ, майдони варзишии ҳозиразамон ва дигар иншоотҳои ёрирасон мебошад.

Барои як баст 5200 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, зиёда аз 6500 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.  Дар донишкада зиёда аз 350 нафар ҳайати профессорону омӯзгорон  ба донишҷӯён таълим медиҳанд ва пажӯҳиши илмӣ мебаранд, ки аз он 14 доктори илм ва 106 номзади илм мебошанд. Сарпарасти ДМИТ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

ДМИТ аз рӯи 3 дараҷа ва зинаи таҳсилот бакалавр (37 тахассус), магистр (12 тахассус) ва доктор аз рӯи ихтисос (5 тахассус) мутахассисони касбӣ тайёр менамояд. Таълим дар донишкада бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

ДМИТ соли 2016 дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, мақоми 4-умро сазовор гардид.

ДМИТ дар соли 2015 соҳиби ду Ҷоизаи байналмилалӣ гардид. Яке барои нишондод ва дастовардҳо дар соҳаи идоракунӣ, баланд бардоштани сифати кору маҳсулот ва ҷорӣ намудани технология ва инноватсияҳои ҷадид Ҷоизаи тиллоии байналмилалии «Тоҷ барои сифат» (Gold Quality Crown, Женева, 22.03.2015) ва баъдан ҷоизаи BIZZ-2015 (World Confederation of Businesses – WORLDCOB, Лас-Вегас, ИМА, 01.08. 2015).

Самти ташаккули инфрасохтори донишкада бо муҷаҳҳазгардонии раванди таълиму таҳқиқот бо технологияи муосир сурат мегирад. Дар донишкада зиёда аз 750 компютер ва 3 маркази тестӣ истифода мешаванд, барои гузаронидани дарсҳои лексионӣ, амалӣ, семинару конфронсҳо ва дигар чорабинию ҷамъомадҳо 29 адад тахтаҳои электронӣ ва 20 адад видеопроекторҳо насб гардиданд,  10 синфхонаи компютерӣ, аз ҷумла, 2 маркази интернетӣ бо 2 китобхонаи электронӣ, 6 синфхонаи компютерии шабакавӣ,  8 синфхонаи лингофонӣ бо барномаи литсензионии муосир амал мекунад, 120 адад  ноутбукро омӯзгорон ва кормандони сохторҳои гуногун самаранок истифода мебаранд, 2 баста барномаи лингофонӣ ва 1 баста барномаи таълимии 1С бухгалтерӣ ва дигар барномаҳои компютерӣ мавриди истифода қарор доранд.

Умуман, дар донишкада барои донишҷӯёну магистрантон 1100 ҷой дар хобгоҳи замонавӣ шароит муҳайё карда шудааст. Дар баробари ин, барои 36 шунаванда ва 6 меҳмони хориҷӣ дар як вақт дар бинои хобгоҳи донишкада ҳуҷраҳои меҳмонхонагӣ ташкил карда шудааст.

Донишҷӯён-варзишгарони донишкада ҳамасола дар мусобиқаҳои сатҳҳои гуногун иштирок карда, натиҷаҳои хуб нишон медиҳанд. Аз ҷумла, дастаи футболбозон ва дастаи баскетболбозони ДМИТ дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он номдор мебошад.

ДМИТ бо зиёда аз 60 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва институтҳои илмию таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Аз ҷумла, бо муассисаҳои Федератсияи Россия (21 адад), Ҷумҳурии Қирѓизистон (9 адад), Ҷумҳурии Қазоқистон (3 адад), Ҷумҳурии Мардумии Чин (3 адад), Кипри Шимолӣ (4 адад), Украина (3 адад), Ҷумҳурии Беларус (1 адад), Гурҷистон (1 адад), Ҷумҳурии Федеративии Олмон (1 адад), Испания (1 адад) ва дигар кишварҳо тайи чор соли охир созишномаҳо ба имзо расиданд ва бандҳои гуногуни он татбиқ шуда истодаанд.

Нархномаи таҳсили як нафар донишҷӯ дар гурӯҳи шартномавӣ

аз рӯи ихтисосҳо дар соли таҳсили 2017-2018 

Номгӯйи ихтисосҳо Номгӯйи рамзҳо Маблағи таҳсил барои

соли 2017-2018

Рӯзона

бакалавр

Рӯзона магистр Фосилавӣ бакалавр
1 Ҳуқуқи иқтисодӣ 1-240103 4300 4000 3200
2 Танзими ҳуқуқи молия ва қарз 1-24010302 4300 3200
3 Ҳуқуқи андозу бонкӣ 1-24010204 4300 3200
4 Иқтисодиёти таҳлилӣ 1-25010201 3500
5 Иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ 1-25010202 4300 3200
6 Иқтисоди ҷаҳонӣ 1-250103 4300 4400
7 Молия ва қарз 1-250104 4400
8 Молия 1-25010401 4700 3700
9 Кори бонкӣ 1-25010402 4700 4400 3700
10 Андоз ва андозбандӣ 1-25010403 4700 4200 3700
11 Суѓурта 1-25010404 3700 3100
12 Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодии берунӣ 1-25010407 3700 3700
13 Бозори фондӣ 1-25010408 3700
14 Менеҷменти молиявӣ 1-25010410 4200 3200
15 Омор 1-250105 3400
16 Информатикаи иқтисодӣ 1-250112 3400 3200
17 Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои хурду миёна 1-25010728 3400
18 Баҳисобгирии бухгалтерӣ таҳлил ва аудит 1-250108 4200
19 Баҳисобгирии бухгалтерӣ таҳлил ва аудит дар бонкҳо 1-25010801 4500 3700
20 Баҳисобгирии бухгалтерӣ таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ 1-25010803 4500 3700
21 Баҳисобгирии бухгалтерӣ таҳлил ва аудит дар саноат 1-25010805 4500 3700
22 Баҳисобгирии бухгалтерӣ таҳлил ва аудит дар фаъолияти иқтисодии берунӣ 1-25010814 4500
23 Идораи давлатӣ 1-26010101 3500
24 Менеҷмент 1-260202 4300 4000 3200
25 Менеҷменти байналхалқӣ 1-26020202 4000 3200
26 Технологияҳои иттилоотӣ идоракунӣ дар иқтисодиёт 1-3103060104 4200
27 Технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт 1-40010202 4200 4000 3200
28 Хадамоти гумрук 1-960101 4700 4700 3700
29 Таъмини ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ 1-96010101 4700 3700
30 Таъмини иқтисоди фаъолияти гумрукӣ 1-96010102 4700 3700
31 Аудит ва ревизия 1-250387 4500 4200
32 Молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ 1-25010409 4700
33 Менеҷменти инвеститсионӣ 1-26020208 3700 3000
34 Идораи ҳайати кадрӣ 1-26020212 3700 3000
35 Логистика 1-26010323 3400 3000
36 Кори реклама 1-230102-0304 3200 3000
37 Менеҷменти инноватсионӣ 1-26020203 3700 3000
38 Инвеститсияи байналмилалӣ 1-25010305 3700 3000
39 Иқтисодиёт ва идора дар корхонаи комплекси агросаноатӣ 1-25010715 3200 3000
40 Бизнес — маъмуриятчигӣ 1-260201 4500

Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №209 сабт шудааст.

   Аз интихоби донишкадаи мо пушаймон нахоҳед шуд! Марҳабо ба донишкадаи мо!

Маълумоти муфассалро дар сомонаи донишкада  дастрас намоед: www.feit.tj

Суроѓа: 734067, ш.Душанбе, кӯчаи Нахимова 64/14.

Тел.: 231-02-01, 231-08-37. Нақлиёт: автобуси № 18. Троллейбуси № 5,12.

Микроавтобусҳои №2,10,14,19,54. Истгоҳи шаҳраки Гипрозем.  


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

  • Салому дуруд! Ягон роҳи бе воситаи МАРКАЗИ миллии тестӣ дохил шудан ба донишгоҳи шумо ҳаст?

Leave a Reply