Довталабон шитобед: Класстери  якуму дуюм холӣ аст

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

То ҳоло ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 70 696 нафар довталаб ҳуҷҷат супоридааст, ки аз нақшаи қабул 4% зиёд аст. Аз ҳама зиёд, довталабон ба гурӯҳи ихтисосҳои кластери 5-ум (Тиб, биология ва варзиш) ҳуҷҷат супурдаанд, иброз намуд Нуралиев Абдувосит, корманди Маркази миллии тестӣ.

Номбурда зикр намуд, ки дар класстерҳои 3, 4 ва 5-ум ҳуҷҷатҳо аз нақшаи қабул зиёд аз қайд гузаштаанд. Дар класстери 5-ум “Тиб, биология ва варзиш” 27014 нафар (65 % зиёд), класстери 4-ум “Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ” 7390 нафар (49% зиёд) ва ба кластери 3-юм: “Филология, педагогика ва санъат” 12929 нафар ( 4 % зиёд) ҳуҷҷат супурдааст.

Гурӯҳи кластерҳои 1 ва 2-юм бошад, нақшаи қабулашон буд нашудааст. Барои ихтисосҳои класстери 1-ум: “Таббиӣ ва техникӣ”  наздики 7000 нафар (37 % кам) ва дар ихтисосҳои  2-юм: “Иқтисод ва география” наздики 4000 нафар (24 % кам) довталаб намерасад.

 

 

НАҚШАИ ТАҚВИМИ ДАВРАИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018

Давра ва қадамҳои асосӣ Муҳлат
Омодагии довталабон барои бақайдгирӣ то 1-уми март
Бақайдгирии довталабон аз 1-уми март то 15‑уми апрел
Даври якуми азнавбақайдгирӣ аз 16-ум то 30-юми апрел
Даври дуюми азнавбақайдгирӣ (танҳо дар шаҳри Душанбе) аз 12-ум то 20-уми июн
Бақайдгирии иловагӣ (танҳо дар шаҳри Душанбе) аз 12-ум то 30-юми июн
Имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус

(дар муассисаҳои таълимии дахлдор)

аз 25-уми июн то 14‑уми июл
Имтиҳонҳои иловагии эҷодӣ ва маҳорати махсус

(дар муассисаҳои таълимии дахлдор)

6‑ум – 7‑уми июл
Имтиҳонҳо (даври асосӣ)

Апеллятсия оид ба раванди имтиҳонҳо дар рӯзҳои имтиҳонӣ

аз 1‑ум то 15‑уми июл
Имтиҳонҳои иловагӣ (танҳо дар шаҳри Душанбе) 18‑ум – 19‑уми июл
Эълони натиҷаи имтиҳонҳо 25‑уми июл (бе дарназардошти  кори хаттӣ –  эссе)
30-юми июл (бо дарназардошти   эссе)
Апеллятсия

Пешниҳоди аризаҳо оид ба натиҷаи имтиҳон

аз 25-ум то 27-уми июл (бе дарназардошти  эссе)
аз 30-юми июл то 1-уми август (бо дарназардошти  эссе)
Эълони натиҷаҳои озмуни тақсимот (асосӣ) 3‑юми август (бе дарназардошти  эссе)
7-уми август (бо дарназардошти  эссе)
Ҳозиршавӣ ба муассисаҳои таълимӣ (донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо) барои довталабони комёб то 15‑уми август (бе дарназардошти  эссе)
то 19-уми август (бо дарназардошти  эссе)
Азнавбақайдгирӣ барои озмуни тақсимоти такрорӣ аз 19-ум то 22-юми август (бе дарназардошти  эссе)
аз 24-ум то 27-уми август (бо дарназардошти  эссе)
Эълони натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ 26-уми август (бе дарназардошти  эссе)
30-юми август (бо дарназардошти  эссе)
Ҳозиршавӣ ба муассисаҳои таълимӣ (тибқи озмуни тақсимоти такрорӣ) аз 26-ум то 30-юми август (бе дарназардошти  эссе)
аз 30-юм то 31-уми август (бе дарназардошти  эссе)

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

  • ман Бутаев соли таваллудам 2002 ман мехоҳам аз ҳамин лаҳза ба ммт дохил шавам лекин ман нав 16 қадам мондам ман шавқи зиёд дорам ман дар ягон донишкада қабул метавонед илтимос мекунам шарномави ҳам бошад мешавад чавобро интизорам!!

  • ман Бутаев соли таваллудам 2002 ман мехоҳам аз ҳамин лаҳза ба ммт дохил шавам лекин ман нав 16 қадам мондам ман шавқи зиёд дорам ман дар ягон донишкада қабул метавонед илтимос мекунам шарномави ҳам бошад мешавад чавобро интизорам агар қабул карда тавонен дар класстери 2юм номерои ман 911055874 906335720

Leave a Reply