ДСРТ барандаи Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе шуд

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

ДСРТ барандаи Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе шуд

Мусобиқа байни дастаҳои бонувони волейболбози вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатии ноҳияҳои пойтахт ва дигар  сохторҳои маҳаллии давлатӣ бахшида ба Рӯзи модар, ки аз 6 феврал то 6 марти соли равон барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе ҷараён гирифт, бомуваффақият ба анҷом расид.

25 дастаи бонувони волейболбоз давоми се моҳ дар якчанд марҳила ба ҳам вохӯрда, сатҳи гуногуни маҳорати варзишии худро намоиш доданд. Ба қавли сардовари мусобиқа Шодӣ Назарамонов чунин мусобиқа дар таърихи пойтахт бори аввал баргузор шуда, дар он ҳам  бонувони таҷрибаи варзишидошта ва ҳам духтарони камтаҷриба рақобати ҷолиб карданд. Мусобиқаро шаҳрдории Душанбе ба мақсади оммавӣ кардани волейбол ва ҳарчи бештар ба тарзи ҳаёти солим фарогирии сокинони пойтахт баргузор намуда, ба ҳадафаш расид. Барои иштирокчиёни мусобиқа волейбол шуғли писандида ва василаи фароғати хуш гардида, даҳҳо духтарон даст рост  намуданд.

24 феврал 10 дастаи беҳтарин дар  марҳилаи ҳаштякниҳоӣ ба ҳм омаданд. Инҳо дастаҳои МИҲД шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи ш. Душанбе, «Насли солим»,  Бонки миллии ҶТ, ДСРТ,  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Агентии омори ҶТ, Суди шаҳри Душанбе ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ мебошанд. Баъди анҷоми  марҳилаи мазкур 5 дастаи ғолиб —   МИҲД шаҳри Душанбе,    Сарраёсати маорифи ш. Душанбе,  Бонки миллӣ,  ДСРТ,   Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Суди шаҳри Душанбе ба марҳилаи нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Онҳо аз рӯйи системаи даврӣ  бо ҳам вохӯрда, 4 дастаи муваффақтарин дар марҳилаи нимниҳоӣ барои дастрасӣ ба  Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе маҳорати диданӣ зоҳир намуданд.

Бад-ин минвол санаи 6 март мусобиқаи мазкур ба даври ҳалкунанда расид. Дастаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо МИҲД шаҳри Душанбе барои ҷойи дуюму чорум ва Бонки миллии ҶТ бо  Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (ДСРТ) барои ҷойҳои якуму сеюм  ба майдони мусобиқа баромаданд. Маҳорати онҳо бинандагоу мухлисони волейболро ба ваҷд оварда, лаҳзаҳои хеле ҷолиби тӯббозиашонро бо қарсакзаниҳо ва нидоҳои ҳидояткунандаи барои пирӯзӣ ҳаводорӣ мекарданд. Ҳам ин тавр, ҷойи якум ва Ҷоми Раиси шаҳри Душанберо дастаи бонувони волейболбози ДСРТ, ҷойи дуюмро дастаи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати ҶТ, мақоми сеюмро Бонки миллии ҶТ ва зинаи чорумро МИҲД шаҳри Душанбе сохиб гардиданд.

Қабл аз маросими пӯшидашавии мусобиқаи аввалини бонувони волейболбози пойтахт  иштирокчиёнро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва дигар масъулон бо фарҷоми хотирнишини чорабинии муҳими варзишии мазкур ва Рӯзи модар табрик намуда, ҳамаи дастаҳоро бо сипосномаҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе сарфароз карданд. Чор дастаи ҷойҳои ифтихориро гирифта ба медалҳои арзандаи мақомашон мукофотонида шуданд.

Барои дар сатҳи зарурӣ ва хотирмон баргузор шудани мусобиқаи номбурда роҳбарияти МД «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии шаҳри Душанбе оид ба намудҳои бозиҳои варзишӣ»-и №5-и пойтахт, котиби мусобиқа Рухшона Тайғуншоева ва сардовар Шодӣ Назарамонов саҳми арзанда гузоштанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply