Ду куштор, қаллобӣ ва дигар хабарҳои ВКД

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Ошкор шудани ду ҳолати куштор дар заминаи рашк

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода ва бародараш, марди 33-сола бо гумони одамкушӣ дастгир карда шуданд.

Номбурдагон, рӯзи 4-уми феврали соли 2019, тахминан соати 22:30-дақиқа, дар ҳавлии истиқоматиашон ба марди 44-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур бо сабаби муносибат доштанаш бо ҳамсари яке аз онҳо дарафтодаанд.
Сипас, бародарон аз ҳиссиёти рашк марди 44-соларо зери луту кӯб қарор додаанд, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Рӯзи 5-уми феврали соли 2019, тахминан соати 14:00-дақиқа, марди 50-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ортиқови шаҳри Конибодом, дар ҳолати мастӣ, дар хонаи истиқоматиаш аз ҳиссиёти рашк бо ҳамсараш, зани 46-сола ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, 3-маротиба ба қисмати дили ҳамсараш задаст.
Дар натиҷа, ҳамсараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Номбурда аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир гардида, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ҳодисаҳои қаллобӣ бо баҳонаи ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи Дарвоз муроҷиат намудааст, ки рӯзи 18-уми марти соли 2012 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 44-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппа ва писараш марди 38-сола, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, барои аз ноҳияи Рӯдакӣ, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 5000-доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсиашон сарф намуда, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.

Ҳамчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи марди 58-солаи сокини ноҳияи Нуробод ворид гардидааст, ки соли 2013 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 46-солаи сокини ш.Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, барои аз ноҳияи Рӯдакӣ ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 10000-доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Рабудани автомашина ва бархӯрд ба дарвозаи ҳавлии истиқоматӣ

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ноҳияи Синоро бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил бидуни мақсади тасарруф дастгир намуданд.

Номбурда, рӯзи 27-уми январи соли 2019, тахминан соати 19:00-дақиқа, дар кӯчаи Роҳи Нави пойтахт дар ҳолати мастӣ автомашинаи тамғаи «Ниссан»-ро, ки ба марди 30-солаи сокини кӯчаи Р.Набиев тааллуқ дорад, ғайриқонунӣ ҳай карда бурда, ба дарвозаи ҳавлии истиқоматӣ дар кӯчаи Роҳи Нав бархӯрда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply