Ду муҳоҷири тоҷик пулиси русро латукӯб намуданд (Видео)

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Дар Интернет видеои занозании ду марди тоҷик бо афсари пулис дар шаҳри Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия нашр шуд. Рӯзи 24 май ин ду шаҳрванди 44- ва 41-солаи Тоҷикистон ҳангоми тахриби дӯконҳояшон дар назди истгоҳи метрои «Проспект Победы” бо як афсари пулис вориди занозанӣ шуданд. Ҳоло ба онҳо то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ду шаҳрванди яке 44- ва яке 41-солаи Тоҷикистон рӯзи 24 май дар кӯчаи Рихард Зоргеи шаҳри Қазон бо иттиҳоми ҳамла ба корманди пулис дастгир шуданд. Видеои занозании онҳо бо афсари пулис дар Интернет нашр шудааст.

Дар видео дида мешавад, ки ҳангоми тахриби дӯконҳояшон дар наздикии истгоҳи метрои «Проспект Победы” ин ду мард бо корманди пулис вориди муноқиша шуда, сипас аз гиребони якдишар мегиранд. Дӯконҳои ин муҳоҷирони тоҷикро мақомоти маҳаллӣ ғайриқонунӣ бароварда, барои тахриби онҳо ҳукм доданд ва ин корманди пулис мебоист ҷараёни вайрон кардани дӯконҳоро назорат мекард.

Ба соҳибони дӯконҳо барои мустақилона бардоштани онҳо фурсат дода буданд, вале азбаски шаҳрвандони тоҷик дӯконҳои худро нагирифтанд, рӯзи 24 май мақомоттасмим гирифтанд, ки худашон ин дӯконҳоро хароб кунанд.

Дар рафти тахриби дӯконҳо гапи тоҷирони тоҷик бо корманди пулис гурехт ва онҳо занозанӣ карданд. Дар видео дида мешавад, ки ду марди тоҷик ба афсар ҳамла мекунанд ва ӯ низ ҷавоб медиҳад. Дар сабт садоҳо бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ шунида мешаванд.

Ҳоло ин ду тоҷири тоҷик дар боздошт қарор доранд ва мақомот масъалаи оғоз кардани парванда ба зидди онҳо бар асоси моддаи 318-уми Кодекси ҷиноятии Русия (истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи давлат”)-ро баррасӣ доранд.

Бар асоси банди аввали ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ба ин ду муҳоҷири тоҷик ҳамчун муҷозот аз ҷарима ба маблағи то 200 ҳазор рубл то ҳабс ба мӯҳлати аз 3 то 6 моҳ ваё то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply