• Mardon
  • 09.04.2019
  • 2

Ду пирӯзии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон

Дар мусобиқоти байналмиллии футбол Ҷоми “Роҳи абрешим-Ҳуа Шан” дар Чин дастаи мунтахаби наврасони то 15 солаи тоҷик пайи ҳам ду пирӯзӣ ба даст оварданд.

Футболбозони навраси тоҷик дар даври аввал ҳамсолони қирғизи худро бо ҳисоби хеле калони 8 бар 0 мағлуб карда ва дар давраи дуюм бар дастаи Мянма бо ҳисоби 5 бар 0 дастболо шуданд.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони  Тоҷикистонро муҳассилони хонандагони Академия футболи Федератсияи Футболи кишвар ташкил медиҳанд.

Пагоҳ-10 апрел дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи мизбони мусобиқа-Чин  қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Дар сурати пирӯзӣ ва ё мусовӣ дастаи мунтахаби наврасони то 15 солаи Тоҷикистон барандаи Ҷоми “Роҳи абрешим-Ҳуа Шан” хоҳад шуд.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Тохир:

    Муборак шавад.Худванд ба шумо кувват тияд,ИНШОЛЛОХ дастболо хохед шуд.

  • Тохир:

    Офарин зафаратон муборак бошад ман бовари доштам,ки дастболо насибатон хохад шуд.

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner