Духтарчаи 7-солаи тоҷик дар тарбияи зани рус

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Кӯдаки 7-солаи тоҷик Нисоро дар шаҳри Перми Русия зани рус Елена Волкова ба тарбияи худ гирифтааст. Аммо ин кӯдак ятим нест. Падари Нисо бо ҷурми маводи мухаддир маҳкум ба зиндон шуда ва модари русаш аз вай даст кашидааст. Модари Нисоро аз ҳаққи модарӣ маҳрум карданд, вале падараш дар зиндон умедвор аст, ки боз ба дидори фарзанди худ хоҳад расид…

Қиссаи талхи зиндагии кӯдаки ҳафтсолаи тоҷик Нисо дар Русияро хабаргузории русии «Спутник” гузориш кардааст. Муаллифи ин гузориш Рубен Гарсия менависад, зиндагиномаи Нисо, ки бо вуҷуди зинда будани падару модараш бесаробон мондааст, ҳам фоҷиавист ва ҳам як амри гӯё маъмул.

Падари Нисо дар вақташ ба Перм барои мардикорӣ омад, то рӯзгори зану чор фарзандаш дар Тоҷикистонро таъмин кунад. Ӯ дар ин ҷо бо як духтари рус шинос шуд ва дар натиҷаи ин робитаи ғайримашрӯъ ҷавонзан ҳомила шуд. Ӯ мехост, сиқти ҷанин (аборт) кунад, вале марди тоҷик ӯро аз ин роҳ гардонд ва гуфт, ҳозир аст, худаш кӯдакро тарбия кунад.

Мард кӯдакро баъди таваллуд ба ҳамсари тоҷикаш Зӯҳро дод. Зӯҳро ҳарчанд аз хиёнати шавҳар рӯҳан азоб мекашид, вале Нисоро ҳамчун фарзанди худ қабул кард ва ба тарбия гирифт.

Аммо дар ин байн марди тоҷик ба тиҷорати маводи мухаддир даст заду дастгир шуд ва маҳкум ба 13 соли зиндон гардид. Баъди зиндонӣ шудани шавҳараш Зӯҳро дигар тарбияи Нисоро бар иловаи фарзандони худаш ӯҳда карда натавонист ва ба Сандуқи «Колыбель надежды” («Гаҳвораи умед”) барои кумак муроҷиат кард, то ки Нисоро ба ягон ятимхона бидиҳад.

Ин созмонро Елена Волкова, ки дар Перм нафақат созмони хайрия, балки тиҷорати хубе ҳам дорад, раҳбарӣ мекунад. Елена Ба Зӯҳро дар гирифтани сабти номи муваққат кумак расонд ва тарбияи Нисоро ба дӯши худ гирифт.

Дар ин миён Зӯҳро гирифтори мушкилоти аснодӣ шуд ва ӯро аз Русия ихроҷ карданд. Ва мақомоти Перм омаданд, ки Нисоро ба ятимхона баранд.

Елена Волкова он шабу рӯз дар бемористон табобат мегирифт, вале табобаташро канор гузошта, бо писаронаш, ки яке 20 ва дуюмӣ 13 сол доштанд, маслиҳат кард, ки Нисоро пеши худ бигиранд. Фарзандони Елена аз тасмими вай пуштибонӣ карданд.

Азбаски мақомоти масъули ҳуқуқи кӯдаки Перм Елена Волковаро бо шарофати созмони хайрияаш хуб мешинохтанд, мушкиле дар таҳияи асноди Нисо пеш наомад. Ба Нисо шаҳрвандии Русия доданд, чунки модараш шаҳрванди Русия буд. Аммо модари Нисо ба тақдири духтараш натанҳо таваҷҷуҳе нишон надод, балки ӯро ҳатто дидан нахост.

Рубен Гарсиа менависад, ки ҳоло Нисо дарси мусиқӣ меомӯзад ва имсол ба синфи якум меравад. Хуб надонистани забони русӣ ва боғчаву кӯдакистон нарафтанаш сабаб шуд, ки Нисо як сол дертар аз ҳамсолонаш ба мактаб биравад.

Елена кӣ будани аслашро аз Нисо пинҳон намекунад. Нисо медонад, ки дар Тоҷикистон бобову бибӣ дорад ва ҳатто мехоҳад пеши онҳо ба меҳмонӣ биравад.

Ва аммо дар ҳоле ки модари Нисо аз вай комилан даст кашидааст, падараш духтари худро фаромӯш накардааст. Ӯ мехоҳад баъди раҳоӣ аз зиндон духтарашро боз бубинад. Елена Волкова мегӯяд, ки ӯ монеи диду боздиди падару духтар нахоҳад шуд. Вале мушкил инҷост, ки маҳбусони хориҷиро баъди адои ҳукм дар зиндонҳои Русия маъмулан ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ мекунанд ва падари Нисоро низ ҳатто дар сурати пеш аз муҳлат озод шуданаш ҳамин сарнавишт – ихроҷ ба Тоҷикистон – дар пеш аст.

Созмони хайрияе, ки Елена Волкова роҳбарӣ мекунад, «Гаҳвораи умед” ном дорад. Ин созмон дар чандин минтақаи Русия 19 бэби-бокс гузоштааст, то занону духтароне, ки аз кӯдакони худ даст кашиданианд, ин тифлони нохоҳам, вале бегуноҳро дар кӯчаву партовгоҳҳо напартоянд, балки дар ин беби-боксҳои амн бигузоранд.

Ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба Русия мераванд. Аксарияти кулли онҳо мардону занони аз лиҳози биологӣ қобил мебошанд ва табиист, ки на ҳамаашон моҳҳои дурӣ аз ҳамсарони худро таҳаммул мекунанд.

Бино ба омори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар соли 2017 мақомоти Тоҷикистон беш аз 50 кӯдаки тоҷикро аз ятимхонаҳои Русия ба Душанбе оварданд. Инҳо кӯдаконеанд, ки падар ё модарашон тоҷиканд, вале онҳо ба далелҳои мухталифе аз фарзандони худ даст кашидаанд ваё мақомоти Русия ба далели аз ӯҳдаи тарбияи фарзандон набаромадани волидон ин кӯдаконро аз онҳо гирифта, ба ятимхонаҳо супурдаанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply