Духтарчаи мактабхон зери чархи мошин монд

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ХАТЛОН, ҲУҚУҚ

Бино бар иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳодисаи маргбор дар роҳи мошингарди “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ” рух додааст.

Манбаъ шарҳ додааст, ки рӯзи 22-юми январи соли равон, тахминан соатҳои 17:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Нисан-Сафиро”, Бахшиев Саъдӣ Ғуломович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар роҳи мошингарди “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ”, дар ҳудуди деҳаи Чиртаки шаҳри Ваҳдат аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Гадоева Зарнигор, соли таваллудаш 2006, хонандаи синфи 6-уми МТМУ №8, сокини деҳаи Ганҷборро пахш намудааст.

Манбаъ таъкид намудааст, ки  дар натиҷа, ноболиғ Гадоева Зарнигор ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Таҳқиқоти ҳодисаи мазкур аз тарафи кормандони милитсияи Тоҷикистон идома дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Духтарчаи мактабхон зери чархи мошин монд

  • Ҳама вақт эҳтиёт шудан даркор. Худо ҳамаи моро аз ин гуна балоҳо нагаҳбон бошад, омин.

Leave a Reply